https://sputnik.tj/20221027/medvedev-ukrain-bozi-ima-1052457416.html
Медведев: ҳаёти украиниҳо дар бозии ИМА аз абзори харидуфурӯш беш нест
Медведев: ҳаёти украиниҳо дар бозии ИМА аз абзори харидуфурӯш беш нест
Sputnik Тоҷикистон
Медведев гуфт, ки дар Украина бар ивази таъмини силоҳи амрикоӣ ва кори инструкторҳою зархаридон бо ҷони украиниҳо пардохт мекунанд
2022-10-27T14:31+0500
2022-10-27T14:31+0500
2023-02-08T19:45+0500
дмитрий медведев
украина
има
дар ҷаҳон
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_4f383b3a8c816e89e2f755ecc580e025.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Ҳаёти украиниҳо ба пули хурди хариду фурӯши бузурги Амрико табдил ёфт, навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар канали Telegram-и худ. Вай ёдовар шуд, ки интихобот ба Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи 8 ноябр баргузор мешавад ва изҳори ҳайрат кард, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон чӣ гуна метавонанд пирӯзӣ ё бохти худро шарҳ диҳанд. Ба гуфтаи Медведев, барои тими кунунии Ҷо Байден ва ҳам барои рақибони ҷумҳурихоҳи онҳо, асъор дар воқеъ як аст - зиндагии шаҳрвандони Украина, ки ба онҳо лозим нест. Вай қайд кард, ки бо ҳаёти украиниҳо барои таъмини силоҳи амрикоӣ ва кори инструкторҳо ва зархаридон пардохт мекунанд. ИМА тайёранд, ки дар сурати ба кор бурдани "бомби ифлос" бо онхо пул диҳанд. Медведев мӯътақид аст, ки чизи асосӣ барои доираҳои амрикоӣ ин аст, ки палатаи намояндагон ва Сенатро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард. Посухи Маскав ба таркиши пули Қрим чӣ гуна бошад? Посухи Медведев"Бинобар ин, ҷанг то" пирӯзӣ аст. "Ё дурусттараш, то охир. То поёни Украина", - хулоса кард ӯ.
https://sputnik.tj/20221010/medvedev-ukraina-hamesha-rusiya-tahdid-1052016773.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d2be82c9a7384e3d22026a6e8245bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий медведев, абзори харидуфурӯш,
дмитрий медведев, абзори харидуфурӯш,
Медведев: ҳаёти украиниҳо дар бозии ИМА аз абзори харидуфурӯш беш нест
14:31 27.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Медведев гуфт, ки дар Украина бар ивази таъмини силоҳи амрикоӣ ва кори инструкторҳою зархаридон бо ҷони украиниҳо пардохт мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Ҳаёти украиниҳо ба пули хурди хариду фурӯши бузурги Амрико табдил ёфт, навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар канали Telegram-и худ.
Вай ёдовар шуд, ки интихобот ба Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи 8 ноябр баргузор мешавад ва изҳори ҳайрат кард, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон чӣ гуна метавонанд пирӯзӣ ё бохти худро шарҳ диҳанд.
Ба гуфтаи Медведев, барои тими кунунии Ҷо Байден ва ҳам барои рақибони ҷумҳурихоҳи онҳо, асъор дар воқеъ як аст - зиндагии шаҳрвандони Украина, ки ба онҳо лозим нест.
"Онҳо як абзори хариду фурӯш дар бозии бузурги Амрико ҳастанд. Онҳоро ба осонӣ дар қурбонгоҳи пирӯзии оянда дар набардҳои сиёсии он тарафи уқёнус мегузоранд", - навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Вай қайд кард, ки бо ҳаёти украиниҳо барои таъмини силоҳи амрикоӣ ва кори инструкторҳо ва зархаридон пардохт мекунанд.
ИМА тайёранд, ки дар сурати ба кор бурдани "бомби ифлос" бо онхо пул диҳанд.
Медведев мӯътақид аст, ки чизи асосӣ барои доираҳои амрикоӣ ин аст, ки палатаи намояндагон ва Сенатро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард.
"Бинобар ин, ҷанг то" пирӯзӣ аст. "Ё дурусттараш, то охир. То поёни Украина", - хулоса кард ӯ.