Le Point: Ғарб бояд эътироф кунад, ки ҷаҳон дар ҳоли чархиш "ба сӯи Шарқ аст"

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Шарқ дигарбора дорад ба самти ҳашамати таърихиву фарҳангива сиёсии хеш бармегардад. Низом ва тартиботи ҷаҳонӣ ба оҳистагӣ зери назорати он мегузарад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ғарб бояд дарк кунад ва эътироф намояд, ки чархиши ҷаҳон сӯи Шарқ ва табдили он ба дунёи чандқутбӣ аст, дар ҳоле ки “арзишҳои демократӣ” ҷолибияти худро аз даст медиҳанд.
Дар ин бора маҷаллаи фаронсавии “Le Point” навишта, гуфтааст, ки арзишҳои демукротик ҷозибияти худро аз даст медиҳанд.
Себастьян Босоис, муаллифи ин матлаб таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои Маскав ва Пекин бо гегемонияи Амрико рақобат мекунанд.
"Дунё ба "демократия"-и мо камтар бовар мекунад ва дар айни замон ба Шарқ менигарад", - навиштааст, таҳлилгар.
Вай сабаби ин ақибнишиниро сиёсати ғарб номид, ки "қоидаҳои бозӣ"-ро ҷорӣ намуда, худи вай онҳоро вайрон мекард.
Тавре ки "Jerusalem Post" менависад, таҷдиди самти Русия ба Шарқ гегемонияи ИМА-ро аз байн мебарад ва Чин, Русия, Эрон, Туркия ва муттаҳидони онҳо ба Тартиби Ҷаҳонии нав роҳбарӣ мекунанд.
Президент РФ Владимир Путин на VI саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, Астана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Путин гуфт, ҷаҳон бисёрқутбӣ мешавад, ки дар он Осиё нақши калидӣ бозида истодааст
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар мусоҳиба бо "RT" қайд карда буд, ки эҳтимолан кишварҳои БРИКС пояи низоми нави ҷаҳон хоҳанд шуд.
Ахиран президенти Русия Владимир Путин низ гуфта буд, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти ҷиддие ба вуқуъ мепайвандад, ки ондар ҳоли бисёрқутбӣ шудан буда, Осиё нақши калидӣ бозида истодааст.
Лентаи хабарҳо
0