Путин гуфт, ҷаҳон бисёрқутбӣ мешавад, ки дар он Осиё нақши калидӣ бозида истодааст

© Konstantin Zavrazhin/POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на VI саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, Астана
Президент РФ Владимир Путин на VI саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, Астана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, ки Маскав ҷонибдори рушду шукуфоии Осиё мебошад ва барои фароҳам овардани шароит ба ҳамкориҳои судманд талош мекунад.
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти ҷиддие ба вуқуъ мепайвандад, ки ҷаҳон дар ҳоли бисёрқутбӣ шудан буда, Осиё нақши калидӣ бозида истодааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Ба гуфтаи ӯ, нишасти имрӯзаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (МҲТБО) дар Остона дар пасманзари тағйироти ҷиддӣ дар сиёсат ва иқтисод ҷараён дорад.
"Ҷаҳон воқеан чандқутбӣ шуда истодааст. Осиё бошад, дар ин ҷо нақши хеле назаррас ва муҳим, агар калидӣ ҳам набошад, мебозад, ки марказҳои нави қудрат қавитар мешаванд", - гуфт ӯ.
Путин қайд кард, ки кишварҳои минтақаи Осиё локомотиви рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мебошанд, иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар ин ҷо ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва даромади хуб доранд.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Путин гуфт, даврони ҷаҳони такқутбӣ гузашт
"Дар ҳамаи ин равандҳо Русия низ фаъолона иштирок мекунад. Мо ҷонибдори рушду шукуфоии Осиё ва фароҳам овардани фазои васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, тавсеа ва амиқсозии робитаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ҳастем", - гуфт президенти Русия.
Вай ёдовар шуд, ки маҳз Русия дар ибтидои таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ дар ин нишаст қарор дошт, ки тавассути он тайи солҳои охир дар тамоми доираи мавзӯъҳои иқтисодӣ конфронсу семинарҳои бомуваффақият баргузор гардиданд.
Илова бар ин, Путин ёдовар шуд, ки Русия ҳама корро мекунад, то системаи амнияти баробар ва тақсимнашаванда ташаккул ёбад.
Лентаи хабарҳо
0