Баҳси масоили Арманистону Озарбойҷон дар ҷаласаи СПАД: Раҳмон чӣ гуфт?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
Сарони давлатҳо мулоқотро ба натоиҷи кори намояндагии СПАД дар Арманистон бахшида, ҳамчунин тадбирҳои муштараки кумак ба ин кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бояд барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба буҳрон чораҳои муассир андешад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД изҳор дошт.
Мулоқот дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, ки дар он ҳамчунин сарвазири Арманистон, дабири кулли созмон, сарони Русия, Беларус, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доштанд.
Дар нахуст онҳо гузориши дабири кулли ин созмон Станислав Засро дар бораи натоиҷи кори намояндагии СПАД дар Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.
Логотип ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
СПАД истифодаи қудрат дар марзи Арманистону Озарбойҷойнро ғайриқобили қабул донист
Иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатиро ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ва беҳтар намудани амният дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони давлатҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид карданд.

"Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи СПАД бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи он барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба бӯҳрон зикр намуд", - гуфт хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар поёни иҷлосия раҳбарони кишварҳо ба Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишвар дастур доданд, ки кор дар таҳияи маҷмуи тадбирҳои кумак ба СПАД барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро идома диҳад.
Лентаи хабарҳо
0