СПАД истифодаи қудрат дар марзи Арманистону Озарбойҷойнро ғайриқобили қабул донист

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЛоготип ОДКБ, архивное фото
Логотип ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ усули истифода аз зӯроварӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро ғайриқобили қабул донист
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) бархӯрди низомӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро маҳкум кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба сухангӯи ин созмон Владимир Зайнетдинов.
Ба гуфтаи оқои Зайнетдинов, СПАД истифодаи қудрат дар марзи Арманистону Озарбойҷонро ғайриқобили қабул медонад ва аз тарафҳо даъват мекунад, ки барои ҳалли мушкилот аз шеваву созишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истифода намоянд.
"Мо истифодаи зӯрро ғайриқобили қабул медонем. Барои ҳалли ихтилофҳо танҳо усулҳо ва созишҳои сиёсиву дипломатӣ истифода шаванд, ки дар изҳороти раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон ва Русия аз 9 ноябри соли 2020, 11 январ ва 26 ноябри соли 2020, соли 2021 сабт шудаанд, - гуфт Зайнетдинов.
Ин созмон ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониёни бархӯрди низомӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, ба захмиён шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Русия аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки ба ташаннуҷи вазъ роҳ надиҳанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Ҷонибҳо якдигарро ба ташаннуҷ вазъ муттаҳам карданд.
Ереван изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.
Минтақаҳои сархаддии — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик кардаанд ва ба ҳамин хотир даргирӣ рух додааст. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро муттаҳам кард, ки қасд дорад ба раванди сулҳ монеъ шавад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафот миёни низомиёни худ хабар доданд.
Субҳ тарафҳо дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд. Тавре раиси Кумитаи байнулмилалии Шӯрои Русия Григорий Карасин ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, оташбас дар марзи Арманистону Озарбойҷон ба шарофати талошҳои Русия, аз ҷумла баъд аз сӯҳбати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ба даст омадааст.
Ба гуфтаи сенатори рус, азбаски Ереван ба СПАД муроҷиат кардааст, бояд корҳои зиёдеро анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0