https://sputnik.tj/20221028/mishustin-rusiya-ittifoqchi-boetimod-idm-1052488609.html
Мишустин: Русия иттифоқчии боэътимоди шарикони ИДМ боқӣ мемонад
Мишустин: Русия иттифоқчии боэътимоди шарикони ИДМ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Сарфи назар аз роҳандозии таҳримҳои шадид ва пиёда кардани монеаҳо ҳамкорию додугирифт дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бемайлон афзоиш меёбад
2022-10-28T14:30+0500
2022-10-28T14:30+0500
2022-10-28T14:30+0500
дар русия
идм
иқтисод
михаил мишустин
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_0:0:3045:1714_1920x0_80_0_0_1987d51e1abc90a8f2c7568f77c42e60.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Русия ба манфиати ҳамсояҳои наздик дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо диққат муносибат мекунаду эҳтиромро қоил аст. Ин нуктаро сарвазири Русия, Михаил Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Отона баён дошт. Вай афзуд, ки бо вуҷуди роҳандозии таҳримҳои шадид ва пиёда кардани монеаҳо ҳамкорию додугирифт дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бемайлон афзоиш меёбад. Вай қайд кард, ки ҳоло низоми ҷаҳонии иқтисодӣ рӯзҳои душворро паси сар мекунад ва сабаби ин хоҳиши Ғарб барои истифода аз таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла алайҳи Русия ва Белорус мебошад.Дар зимн роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 санадро ба тасвиб расонданд.. Ин санадҳо аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, масъалаҳои радионавигатсия ва рақамиисозии саноати кимиёро фаро мегиранд.
https://sputnik.tj/20221028/jalasa-saron-hukumat-idm-ostona-1052480753.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_157:0:2888:2048_1920x0_80_0_0_567b609b36f597ddb2404fc843060e8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир, русия, рушд, муносибот, идм
сарвазир, русия, рушд, муносибот, идм
Мишустин: Русия иттифоқчии боэътимоди шарикони ИДМ боқӣ мемонад
Сарфи назар аз роҳандозии таҳримҳои шадид ва пиёда кардани монеаҳо ҳамкорию додугирифт дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бемайлон афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Русия ба манфиати ҳамсояҳои наздик дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо диққат муносибат мекунаду эҳтиромро қоил аст.
Ин нуктаро сарвазири Русия, Михаил Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Отона баён дошт.
Вай афзуд, ки бо вуҷуди роҳандозии таҳримҳои шадид ва пиёда кардани монеаҳо ҳамкорию додугирифт дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бемайлон афзоиш меёбад.
"Ҳамкории мутақобила дар чорчӯби Иттиҳод дар ҳоли рушд аст. Русия иттифоқчии боэътимод ва шарики тиҷорӣ боқӣ мемонад. Мо ба манфиатҳои ҳамсояҳои наздикамон бодиққат муносибат мекунем ва эҳтиром дорем", - гуфт Мишустин.
Вай қайд кард, ки ҳоло низоми ҷаҳонии иқтисодӣ рӯзҳои душворро паси сар мекунад ва сабаби ин хоҳиши Ғарб барои истифода аз таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла алайҳи Русия ва Белорус мебошад.
Дар зимн роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 санадро ба тасвиб расонданд..
Ин санадҳо аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, масъалаҳои радионавигатсия ва рақамиисозии саноати кимиёро фаро мегиранд.