https://sputnik.tj/20221028/jalasa-saron-hukumat-idm-ostona-1052480753.html
Расулзода ва сарони дигари ҳукуматҳои ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд? - видео
Расулзода ва сарони дигари ҳукуматҳои ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ масоили марбути савдо, сармоягузорӣ, илму техника, варзиш ва офатҳои табииро баррасӣ мекунанд
2022-10-28T11:32+0500
2022-10-28T11:32+0500
2022-10-28T11:50+0500
идм
дар тоҷикистон
сиёсат
сарвазир
туркманистон
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677478_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_acdb10bfb7eab50f60acd6bdcd38bace.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷаласаи 80-уми сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил дар шаҳри Остона ба кори худ оғоз намуд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш сарвазир, Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад. Ба иттилои расмӣ, иштирокдорон ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла масъалаҳои радионавигатсия ва рақамиисозии саноати кимиёро баррасӣ мекунанд. Дар ҷаласа қабули Барномаи байнидавлатии радионавигатсионӣ барои солҳои 2023-2026 пешбинӣ шудааст. Ин барнома ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт, ҳамлу нақли мусофирон ва борҳои хатарнок, кам кардани вақти омадани дастаҳои кумак дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилӣ, беҳбуди вазъи экологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм нигаронида шудааст.Иштирокдорони ҷаласа инчунин ният доранд, Созишномаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои изтирорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологиро ба имзо расонанд. Инчунин баррасии маҷмӯи тадбирҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва амнияти экологӣ дар назар аст. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласа сарвазирони Қазоқистон - Алихон Смаилов, Озарбойҷон - Алӣ Асадов, Беларус - Роман Головченко, Тоҷикистон - Қоҳир Расулзода, Ӯзбекистон - Абдулло Орипов, сарвазири Русия Михаил Мишустин иштирок доранд. Ҳамчунин раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров, муовини нахуствазири Арманистон Мгер Григорян ва ноиби раиси Девони вазирони Туркманистон Ҳоҷамурод Гелдимуродов дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
https://sputnik.tj/20221026/putin-yatimov-toshiev-amniyati-1052442444.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677478_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_2e72f792d7c32149d7cb10d7833695d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарон, ҳукумат, ҷаласа, баррасӣ, остона, идм
сарон, ҳукумат, ҷаласа, баррасӣ, остона, идм
Расулзода ва сарони дигари ҳукуматҳои ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд? - видео
11:32 28.10.2022 (Навсозишуда: 11:50 28.10.2022) Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ масоили марбути савдо, сармоягузорӣ, илму техника, варзиш ва офатҳои табииро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷаласаи 80-уми сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил дар шаҳри Остона ба кори худ оғоз намуд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш сарвазир, Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои расмӣ, иштирокдорон ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла масъалаҳои радионавигатсия ва рақамиисозии саноати кимиёро баррасӣ мекунанд.
Дар ҷаласа қабули Барномаи байнидавлатии радионавигатсионӣ барои солҳои 2023-2026 пешбинӣ шудааст.
Ин барнома ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт, ҳамлу нақли мусофирон ва борҳои хатарнок, кам кардани вақти омадани дастаҳои кумак дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилӣ, беҳбуди вазъи экологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм нигаронида шудааст.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин ният доранд, Созишномаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои изтирорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологиро ба имзо расонанд.
Инчунин баррасии маҷмӯи тадбирҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва амнияти экологӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласа сарвазирони Қазоқистон - Алихон Смаилов, Озарбойҷон - Алӣ Асадов, Беларус - Роман Головченко, Тоҷикистон - Қоҳир Расулзода, Ӯзбекистон - Абдулло Орипов, сарвазири Русия Михаил Мишустин иштирок доранд.
Ҳамчунин раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров, муовини нахуствазири Арманистон Мгер Григорян ва ноиби раиси Девони вазирони Туркманистон Ҳоҷамурод Гелдимуродов дар ин ҳамоиш ширкат доранд.