https://sputnik.tj/20221028/mishustin-kishvarho-idm-dollar-1052489327.html
Мишустин ба кишварҳои ИДМ даъват кард, ки аз доллар даст кашанд
Мишустин ба кишварҳои ИДМ даъват кард, ки аз доллар даст кашанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия аз кишварҳои узви ИДМ даъват кард, ки барои ҳисоббаробаркуниҳои дохилӣ аз доллар даст кашидаву пули миллиро ҳарчӣ зудтар ба муомилот ворид кунанд
2022-10-28T17:08+0500
2022-10-28T17:08+0500
2023-02-08T19:45+0500
михаил мишустин
доллар
идм
сиёсат
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044681535_0:0:2867:1614_1920x0_80_0_0_2c4e88c2c854dd6bba5a569ea3ff0d4c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин аз зарурати суръат бахшидан ба гузариш ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва даст кашидан аз доллар дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон кард. Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Остона изҳорот дод. Ӯ ҳамчунин дар бораи рушди эҳтимолии Иттиҳод ҳарф зада, таъкид кард, ки барои ин вақти ба муомилот ворид кардани пули миллӣ расидааст. Мишустин гуфт, ки аъзои кишварҳои ИДМ бояд ба рушди имконоти худ ва таҳкими истиқлолияти технологӣ бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Мавсуф афзуд, ки ин суиистифодаҳоро дар инфрасохтори нави молиявии ҷаҳонӣ истисно мекунад ва имкон медиҳад, ки амалиёти байналмилалӣ бидуни доллар "ё дигар ба истилоҳ асъори захиравӣ" муассир, фоидаовар ва бехатар идора карда шавад. Нахуствазири Русия афзуд, ки мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба хоҳиши Ғарб ва таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ иртибот дорад. "Долларро ба сифати аслиҳа истифода бурда, умуман Ғарб институти захираҳои байналхалқии молиявиро бадном кард", — гуфт сарвазир. Як қадами муҳими дигар барои таҳкими ҳамгироӣ дар доираи ИДМ, ба гуфтаи Мишустин, анҷоми зудтари музокирот оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасонӣ, таъсисот, фаъолият ва сармоягузорӣ хоҳад буд. Сиёсатмадор мутмаин аст, ки ин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ такони хоҳад бахшид.
https://sputnik.tj/20221013/putin-istifoda-muassir-asor-milli-1052097255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044681535_138:0:2867:2047_1920x0_80_0_0_37c53c0fce1c137bdc6a916c6001e05a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мишустин идм доллар иқтисод
мишустин идм доллар иқтисод
Мишустин ба кишварҳои ИДМ даъват кард, ки аз доллар даст кашанд
17:08 28.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сарвазири Русия аз кишварҳои узви ИДМ даъват кард, ки барои ҳисоббаробаркуниҳои дохилӣ аз доллар даст кашидаву пули миллиро ҳарчӣ зудтар ба муомилот ворид кунанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин аз зарурати суръат бахшидан ба гузариш ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва даст кашидан аз доллар дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон кард.
Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Остона изҳорот дод.
Ӯ ҳамчунин дар бораи рушди эҳтимолии Иттиҳод ҳарф зада, таъкид кард, ки барои ин вақти ба муомилот ворид кардани пули миллӣ расидааст.
Мишустин гуфт, ки аъзои кишварҳои ИДМ бояд ба рушди имконоти худ ва таҳкими истиқлолияти технологӣ бештар таваҷҷӯҳ кунанд.
"Ҳодисаҳои моҳҳои ахир нишон доданд, ки бояд таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳои мо ва албатта ба идома ва тавсеаи равобити тиҷорӣ бо ҳамдигар, таҳкими истиқлоли технологӣ, истиқлолияти молиявӣ шавад", - таъкид кард Мишустин.
Мавсуф афзуд, ки ин суиистифодаҳоро дар инфрасохтори нави молиявии ҷаҳонӣ истисно мекунад ва имкон медиҳад, ки амалиёти байналмилалӣ бидуни доллар "ё дигар ба истилоҳ асъори захиравӣ" муассир, фоидаовар ва бехатар идора карда шавад.
Нахуствазири Русия афзуд, ки мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба хоҳиши Ғарб ва таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ иртибот дорад.
"Долларро ба сифати аслиҳа истифода бурда, умуман Ғарб институти захираҳои байналхалқии молиявиро бадном кард", — гуфт сарвазир.
Як қадами муҳими дигар барои таҳкими ҳамгироӣ дар доираи ИДМ, ба гуфтаи Мишустин, анҷоми зудтари музокирот оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасонӣ, таъсисот, фаъолият ва сармоягузорӣ хоҳад буд.
Сиёсатмадор мутмаин аст, ки ин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ такони хоҳад бахшид.