https://sputnik.tj/20221013/putin-istifoda-muassir-asor-milli-1052097255.html
Путин хостори истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ шуд ва шарҳ дод, ки чаро
Путин хостори истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ шуд ва шарҳ дод, ки чаро
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия кишварҳои Осиёро ба истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ даъват кард, ки соҳибихтиёрии кишварҳоро таҳким мебахшад
2022-10-13T12:20+0500
2022-10-13T12:20+0500
2022-10-13T12:20+0500
владимир путин
сиёсат
иқтисод
дар ҷаҳон
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052097760_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_03beb729f461c6c2b21163212a1d5188.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Истифода аз асъорҳои миллӣ ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо мусоидат мекунад.Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни таъкид бар зарурати истифодаи фаъолтари пули миллӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила миёни кишварҳо таъкид кард.Ӯ зимни суханронӣ дар нишасти Остона пешниҳод кард, ки принсипҳои низоми ҷаҳонии молӣ бознигарӣ шавад, ки “даҳсолаҳо бо истилоҳи худхондаи “миллиардҳои тиллоӣ”... аз ҳисоби каси дигар зиндагӣ доранд”."Ҳамчун қадами аввал мо мебинем, ки пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила фаъолонатар истифода мешавад", - гуфт Путин.Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии минтақавӣ мусоидат мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан президенти Русия дар ин бора зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ низ ишора карда гуфта буд, ки ин амал ҳеч ангезаи сиёсӣ надошта, ҳамгироиро такон мебахшад."Аслан ин корро солҳост, ки анҷом медиҳем ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳеч ангезаи сиёсие рабт надорад. Ин ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳои мо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт Путин.
https://sputnik.tj/20221007/putin-sud-guzarish-puli-milli-idm-1051967576.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052097760_62:0:1218:867_1920x0_80_0_0_fd2ff5c469742b838210b6f6d9da3c51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин истифода асъор миллӣ иқтисод
путин истифода асъор миллӣ иқтисод
Путин хостори истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ шуд ва шарҳ дод, ки чаро
Раисҷумҳури Русия кишварҳои Осиёро ба истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ даъват кард, ки соҳибихтиёрии кишварҳоро таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Истифода аз асъорҳои миллӣ ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо мусоидат мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни таъкид бар зарурати истифодаи фаъолтари пули миллӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила миёни кишварҳо таъкид кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар нишасти Остона пешниҳод кард, ки принсипҳои низоми ҷаҳонии молӣ бознигарӣ шавад, ки “даҳсолаҳо бо истилоҳи худхондаи “миллиардҳои тиллоӣ”... аз ҳисоби каси дигар зиндагӣ доранд”.
"Ҳамчун қадами аввал мо мебинем, ки пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила фаъолонатар истифода мешавад", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии минтақавӣ мусоидат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан президенти Русия дар ин бора зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ низ ишора карда гуфта буд, ки ин амал ҳеч ангезаи сиёсӣ надошта, ҳамгироиро такон мебахшад.
"Аслан ин корро солҳост, ки анҷом медиҳем ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳеч ангезаи сиёсие рабт надорад. Ин ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳои мо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт Путин.