https://sputnik.tj/20221028/farmon-prezident-tayinot-safarzoda-1052477057.html
Дигар иҷрокунандаи вазифа нест: Фармони президент дар бораи таъйиноти Сафарзода
Дигар иҷрокунандаи вазифа нест: Фармони президент дар бораи таъйиноти Сафарзода
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Варзоб раиси нав таъйин шуд. Роҳбари қаблии ин ноҳияи тобеи марказ ба мақоми вакил дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид
2022-10-28T09:40+0500
2022-10-28T09:40+0500
2022-10-28T11:03+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
таъйинот
кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/07/1051978734_0:0:3010:1694_1920x0_80_0_0_5810ea6214ecc7164e0923515388d189.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Сафарзода Шарифхон Нураҳмадро раиси ноҳияи Варзоб таъйин кард. Бар асоси фармони қаблии раисҷумҳур, Сафарзода аз моҳи июли соли равон то ҳол иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ин ноҳия буд. Вай қаблан дар ноҳияи марказии шаҳри Душанбе - Исмоили Сомонӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳия фаъолият мекард. Маврид ба зикр аст, ки Сафарзода дар мақоми раиси Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умарро иваз намуд, ки аз соли 2018 то тобистони соли равон роҳбари ноҳияи мазкур буд. Далели барканории Шерализода ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шуда буд ва ӯ ахиран ба ҳайси вакил вориди Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Шерализода бо гирифтани 77 ҳазор овоз ва ё наздики 55%-и оро, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 шуд.Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардида буд.
https://sputnik.tj/20220824/vakolat-parlumon-tojikiston-mansab-nav-1050906093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/07/1051978734_279:0:3010:2048_1920x0_80_0_0_4e1357025de01e08137ba4798035721c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фармон, варзоб, таъйинот, сафарзода
фармон, варзоб, таъйинот, сафарзода
Дигар иҷрокунандаи вазифа нест: Фармони президент дар бораи таъйиноти Сафарзода
09:40 28.10.2022 (Навсозишуда: 11:03 28.10.2022) Дар ноҳияи Варзоб раиси нав таъйин шуд. Роҳбари қаблии ин ноҳияи тобеи марказ ба мақоми вакил дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Сафарзода Шарифхон Нураҳмадро раиси ноҳияи Варзоб таъйин кард.
Бар асоси фармони қаблии раисҷумҳур, Сафарзода аз моҳи июли соли равон то ҳол иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ин ноҳия буд.
Вай қаблан дар ноҳияи марказии шаҳри Душанбе - Исмоили Сомонӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳия фаъолият мекард.
Маврид ба зикр аст, ки Сафарзода дар мақоми раиси Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умарро иваз намуд, ки аз соли 2018 то тобистони соли равон роҳбари ноҳияи мазкур буд.
Далели барканории Шерализода ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шуда буд ва ӯ ахиран ба ҳайси вакил вориди Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Шерализода бо гирифтани 77 ҳазор овоз ва ё наздики 55%-и оро, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 шуд.
Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардида буд.