https://sputnik.tj/20220824/vakolat-parlumon-tojikiston-mansab-nav-1050906093.html
Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?
Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Қарор дар бораи қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои 2 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии ин ниҳод қабул гардид
2022-08-24T14:20+0500
2022-08-24T14:20+0500
2022-08-24T17:34+0500
маҷлиси намояндагон
ваколат
қатъ
парлумон
бонки миллӣ
таъйиноти кадрӣ
қарор
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ваколатҳои вакил Файзулло Машраб Қурбоналӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ӯ ҳамчунин аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия озод карда шуд. Қатъи ваколату барканории Машраб Файзулло дар ҳолест, ки ӯ ахиран бо қарори ҳукумат ба вазифаи нав таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Файзулло Машраб Қурбоналиро ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Назирӣ Гулбаҳорро қабул намуданд. Ҳамчунин аз таъйиноти Назирӣ Гулбаҳор Назир ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин фармонҳои дигари президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллиро таъйид карданд. Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуда, Шарифзода Фируз Ҳомиддин вазифаи муовини раиси БМТ-ро гирифт. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки фармони таъйиноти ӯро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард.
https://sputnik.tj/20220818/gulbahor-naziri-muovin-raisi-bonki-milli-1050785773.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатъ, вакил, парлумон, тоҷикистон
қатъ, вакил, парлумон, тоҷикистон
Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?
14:20 24.08.2022 (Навсозишуда: 17:34 24.08.2022) Қарор дар бораи қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои 2 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии ин ниҳод қабул гардид
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ваколатҳои вакил Файзулло Машраб Қурбоналӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ӯ ҳамчунин аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия озод карда шуд.
Қатъи ваколату барканории Машраб Файзулло дар ҳолест, ки ӯ ахиран бо қарори ҳукумат ба вазифаи нав таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Файзулло Машраб Қурбоналиро ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Назирӣ Гулбаҳорро қабул намуданд. Ҳамчунин аз таъйиноти Назирӣ Гулбаҳор Назир ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин фармонҳои дигари президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллиро таъйид карданд.
Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуда, Шарифзода Фируз Ҳомиддин вазифаи муовини раиси БМТ-ро гирифт.
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки фармони таъйиноти ӯро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард.