https://sputnik.tj/20221024/ukraina-istifoda-bomba-iflos-ighvo-1052399094.html
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" иғво омода мекунад
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" иғво омода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Киев талош дорад, ки таркиш ҳамчун партоби озоди силоҳи ҳастаии Русия тасниф шавад, ки чунин саҳнасозиҳо замоне дар Сурия сурат гирифта буд
2022-10-24T19:06+0500
2022-10-24T19:06+0500
2023-02-08T19:45+0500
украина
амният ва мудофиа
сиёсат
донбасс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049464600_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_353b04947d1fdd8e0cfecee0a6ebf2f6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Украина бо ёрии "бомбаи ифлос" ният дорад, ки Русияро ҳамчун террористи ядроӣ фош карда, аҳолии маҳаллиро тарсонад. Дар ин бора генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР дар брифинг оид ба таҳдидҳои амнияти радиатсионӣ хабар дод.Ба гуфтаи ӯ технологияҳои ҷанги иттилоотӣ, ба мисли иғвои "бомбаи ифлос", ки Киев ба нақша гирифта буд, аллакай дар Сурия бо иштироки "Хуллаҳои сафед" истифода шудааст.Номбурда таъкид кард, ки Украина тавоноии илмӣ ва истеҳсолӣ барои эҷоди "бомбаи ифлос"-ро дорад."Барои эҷоди "бомбаи ифлос" ва заряди ҳастаӣ дар Украина "базаи мувофиқи истеҳсолӣ ва иқтидори илмӣ вуҷуд дорад", - афзуд Кириллов.Мавсуф афзуд, сухан дар бораи зарфе меравад, ки изотопҳои радиоактивӣ ва заряди тарканда дорад. Истифодаи ин яроқ ба даҳҳо ва ҳатто садҳо сол заҳролуд шудани манотиқ таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ки аз қисми шимолии мамлакат ин ба Беларус ва Аврупои Шарқӣ ва Балтика боиси резиши радиоактив мегардад. Истифодаи он дар ҷануб тамоми баҳри Сиёҳро заҳролуд мекунад. Киев бо ин чӣ мехоҳад? Ин кишвар мехоҳад маъракаи зидди Русияро дар байни кишварҳои тарафдори ва бетараф пурзӯр кунад. Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи равобити ҷониби Украина бо Бритониё барои дарёфти технологияи эҷоди силоҳи ҳастаӣ маълумот дорад. Гузашта аз ин, қарор аст, таркиш ҳамчун партоби озоди силоҳи ҳастаии Русия тасниф шавад. Аз ин рӯ, Украина интизор дорад, ки мардуми маҳаллиро тарсонад, ҷараёни гурезаҳо ба Аврупоро афзоиш диҳад ва Маскавро ҳамчун террористи ҳастаӣ "фош" кунад.
https://sputnik.tj/20221024/lavrov-rusiya-kiev-bomba-kasif-1052393773.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049464600_0:0:2661:1996_1920x0_80_0_0_b033623db930a402eddaa2e66ef7778d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина истифода "бомбаи ифлос" иғво
украина истифода "бомбаи ифлос" иғво
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" иғво омода мекунад
19:06 24.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Киев талош дорад, ки таркиш ҳамчун партоби озоди силоҳи ҳастаии Русия тасниф шавад, ки чунин саҳнасозиҳо замоне дар Сурия сурат гирифта буд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Украина бо ёрии "бомбаи ифлос" ният дорад, ки Русияро ҳамчун террористи ядроӣ фош карда, аҳолии маҳаллиро тарсонад.
Дар ин бора генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР дар брифинг оид ба таҳдидҳои амнияти радиатсионӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ технологияҳои ҷанги иттилоотӣ, ба мисли иғвои "бомбаи ифлос", ки Киев ба нақша гирифта буд, аллакай дар Сурия бо иштироки "Хуллаҳои сафед" истифода шудааст.
"Қобили зикр аст, ки технологияҳои шабеҳи ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби Ғарб дар Сурия аллакай истифода шуда буд, вақте ки "Хӯди сафедпӯстон" дар онҷо наворҳои таблиғотиро дар бораи истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ ба навор гирифтанд", - гуфт Кириллов.
Номбурда таъкид кард, ки Украина тавоноии илмӣ ва истеҳсолӣ барои эҷоди "бомбаи ифлос"-ро дорад.
"Барои эҷоди "бомбаи ифлос" ва заряди ҳастаӣ дар Украина "базаи мувофиқи истеҳсолӣ ва иқтидори илмӣ вуҷуд дорад", - афзуд Кириллов.
Мавсуф афзуд, сухан дар бораи зарфе меравад, ки изотопҳои радиоактивӣ ва заряди тарканда дорад.
Истифодаи ин яроқ ба даҳҳо ва ҳатто садҳо сол заҳролуд шудани манотиқ таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, ки аз қисми шимолии мамлакат ин ба Беларус ва Аврупои Шарқӣ ва Балтика боиси резиши радиоактив мегардад. Истифодаи он дар ҷануб тамоми баҳри Сиёҳро заҳролуд мекунад. Киев бо ин чӣ мехоҳад? Ин кишвар мехоҳад маъракаи зидди Русияро дар байни кишварҳои тарафдори ва бетараф пурзӯр кунад.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи равобити ҷониби Украина бо Бритониё барои дарёфти технологияи эҷоди силоҳи ҳастаӣ маълумот дорад.
Гузашта аз ин, қарор аст, таркиш ҳамчун партоби озоди силоҳи ҳастаии Русия тасниф шавад.
Аз ин рӯ, Украина интизор дорад, ки мардуми маҳаллиро тарсонад, ҷараёни гурезаҳо ба Аврупоро афзоиш диҳад ва Маскавро ҳамчун террористи ҳастаӣ "фош" кунад.