https://sputnik.tj/20221024/tavonoi-norak-andoza-sangtuda-1052393422.html
Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад
Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон, ки иқтидори лоиҳавияш 3 ҳазор мегаватро ташкил медиҳад, феълан бо тавоноии 2600 мегават фаъолият мекунад
2022-10-24T17:00+0500
2022-10-24T17:00+0500
2022-10-24T17:00+0500
дар тоҷикистон
норак
нерӯгоҳ
барқ
таъмин кардан
аҳолӣ
таҷдид
навсозӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052393014_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_3aca4db79097531afd925b8393ba81ec.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар пайи таҷдиди нерӯгоҳи "Норак" иқтидори он ба андозаи беш аз тавоноии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" зиёд карда хоҳад шуд. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Норак баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори неругоҳ коҳиш ёфта, ҳоло бо тавоноии 2600 мегаватт фаъолият менамояд.Вай таъкид намуд, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида мешавад. Бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд мегардад."Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 1", ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад", - афзуд ӯ.Тибқи асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи "Таҷдиди неругоҳи барқи обии "Норак" ва таъмини бехатарии сарбанди он", ки аз ҷониби ҳукумат бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ таҳия шудаст, маблағи навсозӣ беш аз 7 млрд сомонӣ арзёбӣ гардидаст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро дар бар мегирад ва то ҳол қариб 3 млрду 300 млн сомонӣ ва барои марҳалаи дуюми он 1 млрду 120 млн сомонӣ ҷалб гардидааст.Дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд дар назар аст. Дар доираи марҳалаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст, гуфт Раҳмон.
https://sputnik.tj/20221024/ziyod-talabot-osiyo-markazi-1052391260.html
https://sputnik.tj/20221024/vada-prezident-laghv-limit-barq-vaqt-1052386120.html
норак
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052393014_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_ff256c0f817f7d6f0b5e74dc35a5d2d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавоноӣ, норак, таҷдид
Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад
Нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон, ки иқтидори лоиҳавияш 3 ҳазор мегаватро ташкил медиҳад, феълан бо тавоноии 2600 мегават фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар пайи таҷдиди нерӯгоҳи "Норак" иқтидори он ба андозаи беш аз тавоноии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" зиёд карда хоҳад шуд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Норак баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори неругоҳ коҳиш ёфта, ҳоло бо тавоноии 2600 мегаватт фаъолият менамояд.
Вай таъкид намуд, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида мешавад. Бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд мегардад.
"Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 1", ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад", - афзуд ӯ.
Тибқи асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи "Таҷдиди неругоҳи барқи обии "Норак" ва таъмини бехатарии сарбанди он", ки аз ҷониби ҳукумат бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ таҳия шудаст, маблағи навсозӣ беш аз 7 млрд сомонӣ арзёбӣ гардидаст.
Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро дар бар мегирад ва то ҳол қариб 3 млрду 300 млн сомонӣ ва барои марҳалаи дуюми он 1 млрду 120 млн сомонӣ ҷалб гардидааст.
Дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд дар назар аст. Дар доираи марҳалаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст, гуфт Раҳмон.