https://sputnik.tj/20221024/vada-prezident-laghv-limit-barq-vaqt-1052386120.html
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷорӣ будани маҳдудият дар интиқоли барқ барои сокинони шаҳру навоҳии кишварро тасдиқ карда, онро муваққатӣ хонд
2022-10-24T14:00+0500
2022-10-24T14:00+0500
2022-10-24T14:01+0500
дар тоҷикистон
энергетика
таъмин кардан
лимит
нерӯ
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_0:199:1920:1279_1920x0_80_0_0_506da7de1e5ad8e6f3b8cd83c340476d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки дар фасли сармо аҳолӣ пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Норак гуфт, ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст.Дар зимн Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мураккаби замони муосир дар бархе аз давлатҳои мутараққӣ низ маҳдудиятҳо дар бахши энержӣ роҳандозӣ шудаанд. "Имрӯзҳо бо сабабҳои маълум бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд", - афзуд ӯ.Вай дар зимн аз сокинони кишвар бори дигар даъват намуд, ки бо дарназардошти вазъи бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ба сарфаю сариштакорӣ ва риояи қатъиву ҳатмии талаботи қонуни танзими расму ойинҳо ҷиддӣ муносибат намоянд ва фикри аҳли оилаву фарзандони худро кунанд. Аз ҷумла таъкид кард, ки ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳанд.Ваъдаи раисҷумҳур дар ҳолест, ки феълан сокинони навоҳии Тоҷикистон нерӯи барқро бо маҳдудият дастрас мекунанд.
https://sputnik.tj/20201009/Barqi-tojik-mahdudiyat-nest-sanjishi-profilaktiki-ast--1032052947.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_215:0:1920:1279_1920x0_80_0_0_7b96a221c924e4aeba306ac2e3e0156c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, эмомалӣ раҳмон, лимит, барқ, тоҷикистон
шарҳ, эмомалӣ раҳмон, лимит, барқ, тоҷикистон
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
14:00 24.10.2022 (Навсозишуда: 14:01 24.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷорӣ будани маҳдудият дар интиқоли барқ барои сокинони шаҳру навоҳии кишварро тасдиқ карда, онро муваққатӣ хонд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки дар фасли сармо аҳолӣ пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Норак гуфт, ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст.
"Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар зимн Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мураккаби замони муосир дар бархе аз давлатҳои мутараққӣ низ маҳдудиятҳо дар бахши энержӣ роҳандозӣ шудаанд.
"Имрӯзҳо бо сабабҳои маълум бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд", - афзуд ӯ.
Вай дар зимн аз сокинони кишвар бори дигар даъват намуд, ки бо дарназардошти вазъи бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ба сарфаю сариштакорӣ ва риояи қатъиву ҳатмии талаботи қонуни танзими расму ойинҳо ҷиддӣ муносибат намоянд ва фикри аҳли оилаву фарзандони худро кунанд.
Аз ҷумла таъкид кард, ки ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ваъдаи раисҷумҳур дар ҳолест, ки феълан сокинони навоҳии Тоҷикистон нерӯи барқро бо маҳдудият дастрас мекунанд.