https://sputnik.tj/20221024/tasarruf-million-puli-maoshi-kormandon-roghun-1052386345.html
Тасарруфи миллионҳо сомонӣ аз маоши кормандон дар Роғун
Тасарруфи миллионҳо сомонӣ аз маоши кормандон дар Роғун
Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Роғун камбуди молиявӣ дар ҳаҷми калонро ошкор кардаст
2022-10-24T15:00+0500
2022-10-24T15:00+0500
2022-10-24T15:00+0500
дар тоҷикистон
тасарруф
амвол
кормандон
маош
кӯдакистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар идораи "Амонатбонк" ва 3 кӯдакистони шаҳри Роғун тасарруфи маблағҳо ба андозаи 2,5 млн сомониро ошкор намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ таъкид намуд, ки дар асоси нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 аз ҷумла филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор гирифт. Ҳамчунин санҷишҳои мутақобила дар 3 кӯдакистони шаҳри Роғун гузаронда шудаанд. "Зимни санҷишҳои мутақобила дар муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф карда шудааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, феълан мавриди баррасӣ қарор дорад. Мушахассан дар мавриди дастандаркорони ин қазия иттилое ироа нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳолати камбуди молиявӣ аз ҷумла дар идораҳои давлатӣ ошкор карда мешаванд. Аз ҷумла ҳолатҳои тасарруфи маблағи кормандони макотиб, кӯдакистонҳо, идораҳои бахши нақлиёт ва молия ошкор шуда буданд, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи онҳо гузориш дода буд.
https://sputnik.tj/20220926/rais-assotsiatsiya-fireb-biznes-ledi-khatlon-1051680815.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабт, тасарруф, маош, кормандон
сабт, тасарруф, маош, кормандон
Тасарруфи миллионҳо сомонӣ аз маоши кормандон дар Роғун
Санҷиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Роғун камбуди молиявӣ дар ҳаҷми калонро ошкор кардаст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар идораи "Амонатбонк" ва 3 кӯдакистони шаҳри Роғун тасарруфи маблағҳо ба андозаи 2,5 млн сомониро ошкор намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар асоси нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 аз ҷумла филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин санҷишҳои мутақобила дар 3 кӯдакистони шаҳри Роғун гузаронда шудаанд.
"Зимни санҷишҳои мутақобила дар муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, феълан мавриди баррасӣ қарор дорад. Мушахассан дар мавриди дастандаркорони ин қазия иттилое ироа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳолати камбуди молиявӣ аз ҷумла дар идораҳои давлатӣ ошкор карда мешаванд.
Аз ҷумла ҳолатҳои тасарруфи маблағи кормандони макотиб, кӯдакистонҳо, идораҳои бахши нақлиёт ва молия ошкор шуда буданд, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи онҳо гузориш дода буд.