Раиси Ассотсиатсия дар фиреби "бизнес-леди"-ҳои Хатлон айбдор мешавад

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон дар он муттаҳам мешавад, ки садҳо бор аз "бизнес-леди"-ҳои вилоят пул гирифта, узвияту грант ваъда медодаст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Парванда алайҳи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидаст.
Дар ин бора Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон хабар додааст. Манбаъ таъкид намудаст, ки муттаҳам бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба узвияти Ассотсиатсия пул мегирифтаст.
Аз ҷумла таъкид кардааст, ки дар 200 ҳолат аз ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 748 ҳазор сомонӣ пул мегирифтааст.
Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Оҷонсӣ як корхонаи давлатиро аз фасодкорон "тоза" мекунад: навбат ба Душанбе расид
Бар иваз ваъда медодаст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷӣ барои онҳо гранти бебозгашт ҷудо карда медиҳад.
Оҷонсӣ зарари расонда ба занони соҳибкор дар Хатлонро махсусан калон арзёбӣ карда, таъкид намудаст, ки парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудаст.
Ваъдаи грант дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон талош доранд, мақомоти давлатӣ ва бархе аз созмонҳои молияӣ бо пешниҳоди грантҳо соҳибкориро миёни занон равнақ диҳанд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, феълан дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Таъкид шудласт, ки беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0