https://sputnik.tj/20221021/shirkat-sokhtmonii-rusiya-tojikiston-1052294799.html
Ширкатҳои сохтмонии Русия дар Тоҷикистон кор хоҳанд кард
Ширкатҳои сохтмонии Русия дар Тоҷикистон кор хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Русия бо ҳамкорони тоҷикаш масъалаи иштироку иҷрои тарҳҳои муштараки соҳаро баррасӣ мекунад
2022-10-21T12:05+0500
2022-10-21T12:05+0500
2022-10-21T12:05+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
хона
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052291698_0:253:3097:1995_1920x0_80_0_0_efcd0ca50e8532d45fa58e6ce30f5890.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия ва Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар ҳарду кишвар омодагӣ мегиранд, хабар дод намояндагии тиҷоратии ФР дар ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин бахш сафари кории президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Федератсияи Русия (НОСТРОЙ) Антон Глушков ба Тоҷикистон дар назар аст. Аз ҷумла таъкид шуд, ки раҳбари НОСТРОЙ бо шарикон дар Душанбе созишҳоеро баррасӣ хоҳад кард, ки ширкат дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Қаблан Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон бо Иттиҳодияи сохтмончиёни Русия дар бораи ҳамкорй дар соҳаи сохтмон шартнома имзо карда буд. Тарафҳо дар бораи иштироки мутақобилаи ширкатҳои сохтмонии ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави ҳар ду давлат, аз ҷумла сохтмони иншооти бисёрошёнаи истиқоматӣ ба мувофиқа расиданд. Ин созишнома дар Қазон ба имзо расид ва намояндагии тиҷоратӣ ҳамчунин мушаххас кард, ки як тавофуқи дигар бо созмони худтанзимкунандаи "Анҷумани бинокорони Уляновск" дар бораи иштироки сармоягузорону ширкатҳои сохтмонии Русия дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба даст омадааст.
https://sputnik.tj/20221020/loiha-khujand-markaz-sughd-bozsozi-1052274829.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052291698_366:0:3097:2048_1920x0_80_0_0_0d565bf4ae704117653a0164b7d1ce1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, ҳамкорӣ, сохтмончиён, тоҷикистон, русия
таҳким, ҳамкорӣ, сохтмончиён, тоҷикистон, русия
Ширкатҳои сохтмонии Русия дар Тоҷикистон кор хоҳанд кард
Президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Русия бо ҳамкорони тоҷикаш масъалаи иштироку иҷрои тарҳҳои муштараки соҳаро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонии Русия ва Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар ҳарду кишвар омодагӣ мегиранд, хабар дод намояндагии тиҷоратии ФР дар ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин бахш сафари кории президенти Иттиҳодияи миллии бинокорони Федератсияи Русия (НОСТРОЙ) Антон Глушков ба Тоҷикистон дар назар аст.
"Бо мақсади рушди тавофуқоти ҳосилшуда сафари президенти НОСТРОЙ Антон Глушков ба ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд. Сафари корӣ дар даҳрӯзаи аввали моҳи ноябр дар назар аст", - гуфтанд дар намояндагии тиҷоратӣ.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки раҳбари НОСТРОЙ бо шарикон дар Душанбе созишҳоеро баррасӣ хоҳад кард, ки ширкат дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.
Қаблан Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон бо Иттиҳодияи сохтмончиёни Русия дар бораи ҳамкорй дар соҳаи сохтмон шартнома имзо карда буд.
Тарафҳо дар бораи иштироки мутақобилаи ширкатҳои сохтмонии ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави ҳар ду давлат, аз ҷумла сохтмони иншооти бисёрошёнаи истиқоматӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин созишнома дар Қазон ба имзо расид ва намояндагии тиҷоратӣ ҳамчунин мушаххас кард, ки як тавофуқи дигар бо созмони худтанзимкунандаи "Анҷумани бинокорони Уляновск" дар бораи иштироки сармоягузорону ширкатҳои сохтмонии Русия дар иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба даст омадааст.