https://sputnik.tj/20221020/loiha-khujand-markaz-sughd-bozsozi-1052274829.html
Лоиҳаи "Хуҷанди нав": чӣ гуна маркази Суғд бозсозӣ мешавад
Лоиҳаи "Хуҷанди нав": чӣ гуна маркази Суғд бозсозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд аллакай бо лоиҳаи бузурги маҷмааи нав – беш аз 100 гузинаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои Хуҷанд шинос шуд.
2022-10-20T13:23+0500
2022-10-20T13:23+0500
2022-10-20T13:23+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
суғд
хуҷанд
ободонӣ
лоиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052274894_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_668aa3d5b9833808adf67549a22434b3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Хуҷанд ният доранд симои шаҳрро комилан дигар ва замонавӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аллакай бо лоиҳаҳои иншооти нав шинос шудааст. Коршиносони соҳаи сохтмон гуфтанд, ки тамоми лоиҳаҳо бо назардошти нақшаи генералии ободонии шаҳр сохта шудаанд ва бояд симои маркази маъмуриро беҳтар созанд. Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, тақрибан садтои онҳо намоиш дода шуданд, ки бар асоси нақша дар кӯчаи Сирдарё сохтмони якчанд иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин дар ҳудуди варзишгоҳи шаҳрии "Спартак" боз як комплекси биноҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Дар ин макон дар назар аст, ки 21 бинои истиқоматӣ пайдо шавад. Дар хусуси худи лоиҳа бошад, ҳамаи биноҳо 16 ошёна буда, дар наздикии он марказҳои нави маориф, маданият ва тандурустӣ қомат хоҳанд афрохт. Дар кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Гагарин, Истиқлол низ иншооти зиёде пайдо мешаванд.
https://sputnik.tj/20220713/bunyod-bino-nav-donishgoh-khujand-1049961777.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052274894_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_a3626d434c1d4e860103fdd8e1ca5be0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лоиҳаи хуҷанди суғд бозсозӣ
лоиҳаи хуҷанди суғд бозсозӣ
Лоиҳаи "Хуҷанди нав": чӣ гуна маркази Суғд бозсозӣ мешавад
Раиси вилояти Суғд аллакай бо лоиҳаи бузурги маҷмааи нав – беш аз 100 гузинаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои Хуҷанд шинос шуд.
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Хуҷанд ният доранд симои шаҳрро комилан дигар ва замонавӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аллакай бо лоиҳаҳои иншооти нав шинос шудааст.
Коршиносони соҳаи сохтмон гуфтанд, ки тамоми лоиҳаҳо бо назардошти нақшаи генералии ободонии шаҳр сохта шудаанд ва бояд симои маркази маъмуриро беҳтар созанд.
Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, тақрибан садтои онҳо намоиш дода шуданд, ки бар асоси нақша дар кӯчаи Сирдарё сохтмони якчанд иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин дар ҳудуди варзишгоҳи шаҳрии "Спартак" боз як комплекси биноҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Дар ин макон дар назар аст, ки 21 бинои истиқоматӣ пайдо шавад.
Дар хусуси худи лоиҳа бошад, ҳамаи биноҳо 16 ошёна буда, дар наздикии он марказҳои нави маориф, маданият ва тандурустӣ қомат хоҳанд афрохт.
Дар кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Гагарин, Истиқлол низ иншооти зиёде пайдо мешаванд.