https://sputnik.tj/20221021/bmt-shirkat-auditor-tojikiston-ijozatnoma-1052336335.html
БМТ ба як ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома дод
БМТ ба як ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома дод
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қарори Бонки миллии кишвар, "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар тӯли панҷ сол фаъолияти аудитории ширкатҳои суғуртаро анҷом медиҳад
2022-10-21T18:32+0500
2022-10-21T18:32+0500
2022-10-21T18:32+0500
дар тоҷикистон
бмт
иҷозатнома
иқтисод
бима
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_1767b308ce96c2d84b47ec61df47e2c8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон раёсати Бонки миллӣ ба як ширкати дигари аудиторӣ муҷаввиз дод. Бар асоси ин иҷозатнома ҳамакнун ширкати "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар соҳаи суғурта фаъолияти аудиторӣ анҷом медиҳад. Муҷаввиз барои анҷоми фаъолият дар Тоҷикистон дар бахши бима ба муҳлати 5 сол дода шуд. Раҳбарияти БМТ ба Раёсати назорати фаъолияти суғуртавии ин ниҳод супориш додааст, ки дар Реестри ташкилотҳои аудиторӣ сабти дахлдор гузорад. Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Бонки Миллӣ аллакай ба "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" иҷозатномаи аудити ташкилотҳои қарзиро дода буд. Қаблан БМТ ба як ташкилоти қарзии нав иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ дода буд. Бар асоси иҷозаи ин ниҳод дар кишвар "Душанбе Сити Банк" вориди бозор шуд.Ташкилоти қарзӣ ба рушди низоми бонкии кишвар, бахусус қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аҳолӣ мусоидат мекунад.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло 18 ширкати суғурта фаъолият мекунад, ки бузургтарини он ҶСП "ТС "Суғуртаи аввалини миллӣ" бо дороии 127 миллион ва ҶДММ ТСА "Спитамен Иншуренс" бошад, бо 90,2 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм аст.Ширкати "Паймон Иншуренс" бошад, бо сармояи 12 миллион сомонӣ дар ҷои сеюм аст.Ягона ширкати бимаи милли КВД "Тоҷиксуғурта" бошад, ҳамагӣ 5 миллион сомонӣ сармоя дорад.
https://sputnik.tj/20220610/tojikiston-bonki-jadid-dushanbe-siti-bonk-1049111085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_e16c00bbde8fb7bf201ad7ea8ccff6ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт ширкат аудитор тоҷикистон иҷозатнома
бмт ширкат аудитор тоҷикистон иҷозатнома
БМТ ба як ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома дод
Тибқи қарори Бонки миллии кишвар, "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар тӯли панҷ сол фаъолияти аудитории ширкатҳои суғуртаро анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон раёсати Бонки миллӣ ба як ширкати дигари аудиторӣ муҷаввиз дод.
Бар асоси ин иҷозатнома ҳамакнун ширкати "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар соҳаи суғурта фаъолияти аудиторӣ анҷом медиҳад.
Муҷаввиз барои анҷоми фаъолият дар Тоҷикистон дар бахши бима ба муҳлати 5 сол дода шуд.
Раҳбарияти БМТ ба Раёсати назорати фаъолияти суғуртавии ин ниҳод супориш додааст, ки дар Реестри ташкилотҳои аудиторӣ сабти дахлдор гузорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Бонки Миллӣ аллакай ба "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" иҷозатномаи аудити ташкилотҳои қарзиро дода буд.
Қаблан БМТ ба як ташкилоти қарзии нав иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ дода буд. Бар асоси иҷозаи ин ниҳод дар кишвар "Душанбе Сити Банк" вориди бозор шуд.
Ташкилоти қарзӣ ба рушди низоми бонкии кишвар, бахусус қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло 18 ширкати суғурта фаъолият мекунад, ки бузургтарини он ҶСП "ТС "Суғуртаи аввалини миллӣ" бо дороии 127 миллион ва ҶДММ ТСА "Спитамен Иншуренс" бошад, бо 90,2 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм аст.
Ширкати "Паймон Иншуренс" бошад, бо сармояи 12 миллион сомонӣ дар ҷои сеюм аст.
Ягона ширкати бимаи милли КВД "Тоҷиксуғурта" бошад, ҳамагӣ 5 миллион сомонӣ сармоя дорад.