Ба бозори Тоҷикистон бонки ҷадид “Душанбе сити бонк” роҳ ёфт

© пресс-служба НБТВручения лицензии НБТ представителю "Душанбе Сити Банк"
Вручения лицензии НБТ представителю Душанбе Сити Банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
ТАҚХ “Душанбе сити” ба “Душанбе сити бонк” табдил ёфт ва Бонки миллӣ ба он барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъор иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора 9 июни соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳоди молиявӣ.
Манбаъ қайд кардааст, ки қарори мазкур дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Душанбе сити бонк” дода шуд.
“Иҷозатнома мазкур барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мебошад”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Манбаъ зикр кардааст, ки иҷозатномаи мазкурро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло шахсан ба и.в. раиси раёсати ҶСП “Душанбе Сити Бонк” Ақдодов Хуршед супурд ва ба ӯ барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолият ва саҳм доштан дар рушди низоми бонкии кишвар, барои зиёд кардани қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ муваффақият хост.
Самолет Сомон Эйр на взлетной полосе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Чаро “Сомон эйр” аз Бонки миллӣ иҷозатнома гирифт?
Ҳамзамон тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Душанбе сити” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 16 июли соли 2018, №0000092, ки бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2018, №96 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонк аз эътибор соқит дониста шуд.
Инчунин раёсати Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохтро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Ёдрас менамоем, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 14 бонки давлативу тиҷоратӣ фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0