https://sputnik.tj/20221020/safir-ima-ssr-kiev--hudud-faromush-1052272935.html
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
Sputnik Тоҷикистон
Киев бояд аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои ба Русия ҳамроҳшуда даст кашад, вагарна дар акси ҳол Украина бо натиҷаи ғамангез рӯбарӯ хоҳад шуд
2022-10-20T12:17+0500
2022-10-20T12:17+0500
2023-02-08T19:45+0500
украина
има
ссср
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047372551_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ae8c5785129bdcd39c996c578f9cf229.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вошингтон бояд Киевро мутақоид созад, ки аз ташдиди низоъ даст кашад ва бо Маскав сари мизи музокирот нишинад. Дар ин бора собиқ сафири ИМА дар СССР Ҷек Метлок гуфтааст.Дар мақолае, ки дар The Responsible Statecraft, нашрияи Институти ҳукумати Квинси нашр шудааст, ӯ гуфтааст, ки мақомоти Украина кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафҳои ғайриимкон ноил шаванд. Ба таъкиди дипломат, талошҳои Киев барои баргардонидани қаламравҳо бо зӯрӣ боиси даври нави ташдиди авзоъ шуда, барои Украина паёмадҳои ногувор анҷом хоҳад дод. Метлок созиши оташбасро ягона роҳи қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина номид. Сафири собиқи Амрико бар ин назар аст, ки Вашингтон бояд Зеленскийро ба ҳалли мусолиматомези низоъ ҳарчӣ зудтар водор кунад. Илова бар ин, дипломат қайд кард, ки агар Киев тавофуқоти Минскро риоя карда, Донбассро ҳамчун як қаламрави худмухтор дар дохили Украина эътироф мекард ва уҳдадор мешуд, ки ба НАТО намепайвандад, ин низоъро комилан пешгирӣ кардан мумкин буд.Қаблан низ ин дипломат гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ Ғарб барои муддати тӯлонӣ аз Украина пуштибонӣ карда наметавонанд, аз ин рӯ Киев бояд имрӯз аз даст додани қаламравҳои таърихии Русияро бипазирад ё фардо ҳама чизро аз даст диҳад. Тавре EADaily хабар дод, роҳбари бузургтарин фонди сармоягузории Pershing Square Capital Management, миллиардери 56-сола Билл Экман (бо арзиши 3,2 миллиард доллар) ба Украина пешниҳод кардааст, ки аз даъвоҳои худ ба Қрим ва шомил шудан ба НАТО даст кашад.
https://sputnik.tj/20221019/putin-ukraina-muzokira-rusiya-tirboron-1052267853.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047372551_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_48bbc057650bcf61ef248b10e7310dad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир има ссср киев ҳудуд музокира
сафир има ссср киев ҳудуд музокира
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
12:17 20.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Киев бояд аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои ба Русия ҳамроҳшуда даст кашад, вагарна дар акси ҳол Украина бо натиҷаи ғамангез рӯбарӯ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вошингтон бояд Киевро мутақоид созад, ки аз ташдиди низоъ даст кашад ва бо Маскав сари мизи музокирот нишинад.
Дар ин бора собиқ сафири ИМА дар СССР Ҷек Метлок гуфтааст.
Дар мақолае, ки дар The Responsible Statecraft, нашрияи Институти ҳукумати Квинси нашр шудааст, ӯ гуфтааст, ки мақомоти Украина кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафҳои ғайриимкон ноил шаванд.
Ба таъкиди дипломат, талошҳои Киев барои баргардонидани қаламравҳо бо зӯрӣ боиси даври нави ташдиди авзоъ шуда, барои Украина паёмадҳои ногувор анҷом хоҳад дод.
"Украина ҳатто бо дастгирии НАТО наметавонад дар ҳудуди соли 1991 давлати устувор ва амалкунанда эҷод кунад", - гуфта мешавад дар мақола.
Метлок созиши оташбасро ягона роҳи қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина номид.
Сафири собиқи Амрико бар ин назар аст, ки Вашингтон бояд Зеленскийро ба ҳалли мусолиматомези низоъ ҳарчӣ зудтар водор кунад.
Илова бар ин, дипломат қайд кард, ки агар Киев тавофуқоти Минскро риоя карда, Донбассро ҳамчун як қаламрави худмухтор дар дохили Украина эътироф мекард ва уҳдадор мешуд, ки ба НАТО намепайвандад, ин низоъро комилан пешгирӣ кардан мумкин буд.
Қаблан низ ин дипломат гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ Ғарб барои муддати тӯлонӣ аз Украина пуштибонӣ карда наметавонанд, аз ин рӯ Киев бояд имрӯз аз даст додани қаламравҳои таърихии Русияро бипазирад ё фардо ҳама чизро аз даст диҳад.
Тавре EADaily хабар дод, роҳбари бузургтарин фонди сармоягузории Pershing Square Capital Management, миллиардери 56-сола Билл Экман (бо арзиши 3,2 миллиард доллар) ба Украина пешниҳод кардааст, ки аз даъвоҳои худ ба Қрим ва шомил шудан ба НАТО даст кашад.