Русия аз Эрон ҳавопаймоҳои бесарнишин гирифт ё на? посухи ВКХ

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYБеспилотник в небе, архивное фото
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳоротҳо дар мавриди интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини истеҳсоли Эронро як сарусадо номид. Эрон низ онро рад кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Изҳорот дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби Эрон ба Русия аз ҷониби ИМА ва шарикон барои фишор ба Теҳрон истифода мешавад.
Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова изҳор дошта гуфт, ки гузоришҳо дар бораи чунин интиқолҳо овозаҳоест, ки аллакай борҳо рад карда шудаанд.
"Овозаҳо дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки аз ҷониби баъзе манобеъи мустақили бидуни ном дар расонаҳои амрикоӣ паҳн мешаванд, дар рӯзҳои ахир ҳам намояндагони Эрон ва ҳам аз ҷониби Русия рад кардаанд. Оё зарурати шарҳи ин иддаоҳои беасос, ҳам ба мо ва ҳам ба Теҳрон, вуҷуд дорад? Ман фикр намекунам на, зеро ин ҳама ҷуз як маҷмӯаи хулосаву фарзияҳои тахминӣ чизи дигаре нест”, - гуфт Захарова дар брифинг.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Қаблан вазорати умури хориҷаи Амрико гуфта буд, ки Вошингтон бо ақидаи Лондон ва Порис - шарикони музокирот дар бораи Барномаи муштараки ҳамаҷонибаи иқдомот - мувофиқ аст, ки интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби Тещрон ба Маскав нақзи муқаррароти БАРҶОМ аст.
Захарова бо ишора ба хориҷшавии беасосу якҷонибаи ИМА аз БАРҶОМ гуфт, ки бар асоси мантиқ онҳо бояд алайҳи худашон барои нақзи ин қатънома таҳрим ҷорӣ мекарданд вале ба кадом сабаб, ин корро накарданд.
"Ҳоло онҳо бемаънӣ, ваҳшӣ ва ғайримантиқӣ кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои маҳкум кардани дигаронро ба корҳое, ки худашон анҷом намедиҳанд, ҷӯянд”,- гуфт Захарова дар шарҳи изҳороти Департаменти давлатӣ.
Мавсуф гуфт, ки ҳар иқдоми ИМА алайҳи Эрон ба як ҳадаф тобеъ аст - фишор болои ин кишвар ва Вошингтон кишварҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро барои ҳимоят аз мавқеъаш сафарбар мекунад, ки ин ошкор аст.
Дар ҳамин ҳол сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди СММ Амирсаъиди Еревонӣ низ дар ҷамъи хабарнигорон иддаоҳои беасос дар мавриди интиқоли паҳпод аз сӯи Эрон барои истифода дар ҷанги Украинаро рад ва таъкид кард ин иддаоҳо ҳеҷ иртиботе бо қатъномаи 2231 надорад.
Лентаи хабарҳо
0