https://sputnik.tj/20220719/rusiya-eron-omoda-ittihod-1050103241.html
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин бори панҷум аст, ки аз Эрон боздид мекунад. Оё ин бисёр аст ё кам? Агар шумо аз соли 2000 ба ин сӯ ҳисоб кунед, ин маворид кам ба назар мерасанд 19.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-19T18:00+0500
2022-07-19T18:00+0500
2022-07-19T18:00+0500
дар русия
эрон
ҳамкорӣ
дӯстӣ
иттиҳод
теҳрон
маскав
оятуллоҳ хоманаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/13/1050103071_0:58:2287:1344_1920x0_80_0_0_5c505c50495642141dbbf1ea887865ca.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik, Петр Акопов. Аммо агар шумо ба санаҳои сафар назар андозед, манзараи тамоман дигарро мебинед. Маълум мешавад, ки сафари ҳозира дар ҳафт соли охир чорумин аст.Бале, Путин бори аввал соли 2007 ба Теҳрон рафт, аммо сафарҳои доимии ӯ танҳо дар соли 2015 оғоз шуданд. Дар ҳамин ҳол тамоми сафарҳои Путин хусусияти корӣ доранд, яъне ӯ боре ба Ҷумҳурии Исломӣ сафари расмӣ накардааст. Ҳар дафъае, ки сафари ӯ барои кадом як чорабинии бисёрҷонибае дар пойтахти Эрон сурат мегирад, дар Теҳрон ҳузур пайдо мекунад: Форуми ҳавзаи Хазар, нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ... ё ин ки ин дафъа барои ширкат дар "Формати Остона", яъне нишасти сеҷонибаи Русия - Туркия – Эрон ба ин кишвар рафтааст. Ин "сегонаи бузург" панҷ сол пеш дар робита ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар Сурия пайдо шуда буд, аммо кайҳо аз мушкилоти сирф Сурия берун рафтааст. Зеро ҳар се кишвар аз ҷумлаи давлатҳои ҳақиқатан сохибихтиёранд ва онҳо барои муҳокимаи байни худ чизе доранд.Гузашта аз ин агар вазни Туркия дар умури минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба хубӣ дарк шавад (ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифони таҳкими равобити дуҷониба), пас нақши Эронро дар кишвари мо солҳои тӯлонӣ нодида гирифтанд. Аниқтараш онро тамоман нодуруст баҳо доданд. Сабаб оддӣ аст: ҷомеаи коршиносони ғарбгарои мо ба ҳамсояи бузурги мо асосан аз айнаки ғарбӣ менигаристанд: кишвари парешон, охундҳои мушакдор бо хоҳиши ба даст овардани бомбаи ҳастаӣ, теократия, режими репрессивӣ, таҳдид ба амнияти Ховари Миёна ва тамоми ҷаҳон, мутаассибони исломӣ ва ғайра... Хуб, умуман он як навъ сӯрохи шарқист, ки бо Ғарби пешрафта, рӯшанфикр ва сарватманд қобили муқоиса нест.Не, раҳбарияти сиёсӣ ба Эрон бо чаши дигар менигарист, аммо мардуми мо дар бораи Ҷумҳурии Исломӣ чӣ медонистанд? Дар бадтарин ҳолат таблиғоти Ғарб ва дар беҳтарин ҳолат онро баъзе пажвокҳои “Клуби сайёҳони филм” ба мо оншо карда буданд. Эрони воқеӣ дар Русия то ҳол хеле кам маълум шудааст.Вале ҳоло мо ба сӯйи бастани созишномаи ҳамкории ҳаматарафаи стратеги барои 20-25 сол пеш рафта истодаем. Онро имсол метавон имзо кард: дар моҳи январ раисҷумҳури нав Иброҳими Раисӣ тарҳи паймони Эронро дар Маскав ба Владимир Путин супурд ва моҳи гузашта Сергей Лавров нусхаи русии худро ба Теҳрон бурд. Русия ва Эрон ба иттифоқчиёни низомӣ табдил нахоҳанд шуд (ҳарчанд ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо машқҳои муштарак бештар мегарданд), аммо равобити мо дар ҳоли пешравии хеле ҷиддӣ қарор дорад.Гузашта аз ин Эрон дар формати бисёрҷонибаи ҳамкориҳо бо Русия ҳарчи бештар фаъолтар мешавад - он аллакай ба СҲШ ворид шудааст ва мехоҳад ба БРИКС низ ворид шавад. Яъне сухан дар бораи роҳи комили ҳамкориҳои стратегии ду кишвар ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ меравад. Русия ва Эрон потенсиали бузурги ҳамкорӣ доранд - аз тиҷорат то долони нақлиётии Шимолу Ҷануб, ки Балтикаро бо бандарҳои Эрон дар баҳри Араб, яъне Аврупоро бо Ҳиндустон тавассути баҳри Хазар мепайвандад. Фикр кардан лозим нест, ки аз сабаби муноқиша байни Русия ва Аврупо он аҳамияти худро гум кардааст, зеро потенсиали тиҷорати байни Шимол ва Ҷануб ҳоло ҳам бузург аст. Ҳатто агар ҷанги таҳримӣ миёни Русия ва Аврупо тӯлонӣ идома ёбад ҳам, долон барои тиҷорати Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё зарур хоҳад буд.Муҳимтар аз ҳама наздикшавӣ бо Эрон ба манфиати стратегии Русия аст. Зеро мо на танҳо бо вориси тамаддунҳои бузург, бо ҳамсояи дорои ҷамъияти 86-миллионнафарӣ, балки бо яке аз кишварҳои аз ҷиҳати маънавӣ тавонои ҷаҳон муомила дорем. Эрон кишвари воқеан соҳибихтиёр аст, ки бо роҳи худ пеш рафта, шаклҳои ташкили давлату ҷомеаи худро ҷустуҷӯ мекунад, манфиатҳои миллиро ҳифз мекунад ва ба ҳар гуна фишори беруна сар фуруд намеорад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки Русия анҷом медиҳад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Эрон тавонист формулаи сохти давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии худро пайдо кунад, формулае, ки маҳз хислатҳо ва ормонҳои миллии онро ифода мекунад.Ҷумҳурии исломӣ аз намунаҳои хориҷӣ, ғарбӣ ё шарқӣ нест. Он як ихтирои нодири эронӣ аст - маҷмуае, ки ҳам ба анъанаҳо (динӣ ва ҳам миллӣ) асос ёфтааст ва ҳам ба андешаи шакли дурусти намояндагии мардумӣ ва татбиқи қонуни исломӣ. Эрон бо мушкилот, хато ва дарсҳои худ, вале дар душвортарин шароит зинда монд. Ҳеҷ яке аз қудратҳои бузург ва бешубҳа, Эрон яке аз онҳост, дар даҳсолаҳои охир ин гуна эҷодкорӣ дар арсаи бунёди давлати типи навро накардааст. Охирин таҷрибае, ки ба ин монанд дошт, Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне мамлакати мо буд.Ва акнун мо боз бо як чолиши азиме рӯ ба рӯем — бояд шакли нави ҳастиро барои мардум ва давлати худ пайдо кунем. На барои он ки дар бархӯрд бо Ғарб тоб оварем, балки барои он ки худи мо кайҳо ба он эҳтиёҷ доштем.Аз ин рӯ панҷумин мулоқоти Путин бо Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо гуфтугӯи раҳбарони ду давлати хеле бонуфузу ботаҷриба аст, балки мулоқоти ду нафарест, ки чизе барои гуфтугӯ доранд. Зеро агар ду кишваре мисли Русия ва Эрон роҳи маънавию миллии худро пеш гиранд, ин маънои онро дорад, ки онҳо якҷоя мераванд. Ва ҳар яки онҳо қавитар хоҳад шуд. Акнун на танҳо ба чолишҳои Ғарб ҷавоб медиҳанд, балки якҷоя ҷаҳони наве месозанд, ки дар он халқҳои анъанавӣ мувофиқи тарзи зиндагӣ ва қонунҳои худ ба сар бурда метавонанд.
https://sputnik.tj/20220713/bayden-arabiston-saudi-parvoz-putin-eron-1049967781.html
https://sputnik.tj/20220713/putin-eron-rohbar-eron-khomanai-muloqot-1049963610.html
https://sputnik.tj/20220714/adam-raqib-gharb-mushkil-putin-1049997606.html
эрон
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/13/1050103071_0:0:2287:1715_1920x0_80_0_0_02653ce4e5dcc13ea529e0d367379b5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, путин, хоманаӣ, ҳамкорӣ, мушорикат, ҳамсоядорӣ
русия, эрон, путин, хоманаӣ, ҳамкорӣ, мушорикат, ҳамсоядорӣ
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Владимир Путин бори панҷум аст, ки аз Эрон боздид мекунад. Оё ин бисёр аст ё кам? Агар шумо аз соли 2000 ба ин сӯ ҳисоб кунед, ин маворид кам ба назар мерасанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik, Петр Акопов. Аммо агар шумо ба санаҳои сафар назар андозед, манзараи тамоман дигарро мебинед. Маълум мешавад, ки сафари ҳозира дар ҳафт соли охир чорумин аст.
Бале, Путин бори аввал соли 2007 ба Теҳрон рафт, аммо сафарҳои доимии ӯ танҳо дар соли 2015 оғоз шуданд. Дар ҳамин ҳол тамоми сафарҳои Путин хусусияти корӣ доранд, яъне ӯ боре ба Ҷумҳурии Исломӣ сафари расмӣ накардааст.
Ҳар дафъае, ки сафари ӯ барои кадом як чорабинии бисёрҷонибае дар пойтахти Эрон сурат мегирад, дар Теҳрон ҳузур пайдо мекунад: Форуми ҳавзаи Хазар, нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ... ё ин ки ин дафъа барои ширкат дар "Формати Остона", яъне нишасти сеҷонибаи Русия - Туркия – Эрон ба ин кишвар рафтааст. Ин "сегонаи бузург" панҷ сол пеш дар робита ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар Сурия пайдо шуда буд, аммо кайҳо аз мушкилоти сирф Сурия берун рафтааст. Зеро ҳар се кишвар аз ҷумлаи давлатҳои ҳақиқатан сохибихтиёранд ва онҳо барои муҳокимаи байни худ чизе доранд.
Гузашта аз ин агар вазни Туркия дар умури минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба хубӣ дарк шавад (ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифони таҳкими равобити дуҷониба), пас нақши Эронро дар кишвари мо солҳои тӯлонӣ нодида гирифтанд. Аниқтараш онро тамоман нодуруст баҳо доданд. Сабаб оддӣ аст: ҷомеаи коршиносони ғарбгарои мо ба ҳамсояи бузурги мо асосан аз айнаки ғарбӣ менигаристанд: кишвари парешон, охундҳои мушакдор бо хоҳиши ба даст овардани бомбаи ҳастаӣ, теократия, режими репрессивӣ, таҳдид ба амнияти Ховари Миёна ва тамоми ҷаҳон, мутаассибони исломӣ ва ғайра... Хуб, умуман он як навъ сӯрохи шарқист, ки бо Ғарби пешрафта, рӯшанфикр ва сарватманд қобили муқоиса нест.
Не, раҳбарияти сиёсӣ ба Эрон бо чаши дигар менигарист, аммо мардуми мо дар бораи Ҷумҳурии Исломӣ чӣ медонистанд? Дар бадтарин ҳолат таблиғоти Ғарб ва дар беҳтарин ҳолат онро баъзе пажвокҳои “Клуби сайёҳони филм” ба мо оншо карда буданд. Эрони воқеӣ дар Русия то ҳол хеле кам маълум шудааст.
Вале ҳоло мо ба сӯйи бастани созишномаи ҳамкории ҳаматарафаи стратеги барои 20-25 сол пеш рафта истодаем. Онро имсол метавон имзо кард: дар моҳи январ раисҷумҳури нав Иброҳими Раисӣ тарҳи паймони Эронро дар Маскав ба Владимир Путин супурд ва моҳи гузашта Сергей Лавров нусхаи русии худро ба Теҳрон бурд. Русия ва Эрон ба иттифоқчиёни низомӣ табдил нахоҳанд шуд (ҳарчанд ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо машқҳои муштарак бештар мегарданд), аммо равобити мо дар ҳоли пешравии хеле ҷиддӣ қарор дорад.
Гузашта аз ин Эрон дар формати бисёрҷонибаи ҳамкориҳо бо Русия ҳарчи бештар фаъолтар мешавад - он аллакай ба СҲШ ворид шудааст ва мехоҳад ба БРИКС низ ворид шавад. Яъне сухан дар бораи роҳи комили ҳамкориҳои стратегии ду кишвар ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ меравад. Русия ва Эрон потенсиали бузурги ҳамкорӣ доранд - аз тиҷорат то долони нақлиётии Шимолу Ҷануб, ки Балтикаро бо бандарҳои Эрон дар баҳри Араб, яъне Аврупоро бо Ҳиндустон тавассути баҳри Хазар мепайвандад. Фикр кардан лозим нест, ки аз сабаби муноқиша байни Русия ва Аврупо он аҳамияти худро гум кардааст, зеро потенсиали тиҷорати байни Шимол ва Ҷануб ҳоло ҳам бузург аст. Ҳатто агар ҷанги таҳримӣ миёни Русия ва Аврупо тӯлонӣ идома ёбад ҳам, долон барои тиҷорати Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё зарур хоҳад буд.
Муҳимтар аз ҳама наздикшавӣ бо Эрон ба манфиати стратегии Русия аст. Зеро мо на танҳо бо вориси тамаддунҳои бузург, бо ҳамсояи дорои ҷамъияти 86-миллионнафарӣ, балки бо яке аз кишварҳои аз ҷиҳати маънавӣ тавонои ҷаҳон муомила дорем. Эрон кишвари воқеан соҳибихтиёр аст, ки бо роҳи худ пеш рафта, шаклҳои ташкили давлату ҷомеаи худро ҷустуҷӯ мекунад, манфиатҳои миллиро ҳифз мекунад ва ба ҳар гуна фишори беруна сар фуруд намеорад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки Русия анҷом медиҳад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Эрон тавонист формулаи сохти давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии худро пайдо кунад, формулае, ки маҳз хислатҳо ва ормонҳои миллии онро ифода мекунад.
Ҷумҳурии исломӣ аз намунаҳои хориҷӣ, ғарбӣ ё шарқӣ нест. Он як ихтирои нодири эронӣ аст - маҷмуае, ки ҳам ба анъанаҳо (динӣ ва ҳам миллӣ) асос ёфтааст ва ҳам ба андешаи шакли дурусти намояндагии мардумӣ ва татбиқи қонуни исломӣ. Эрон бо мушкилот, хато ва дарсҳои худ, вале дар душвортарин шароит зинда монд. Ҳеҷ яке аз қудратҳои бузург ва бешубҳа, Эрон яке аз онҳост, дар даҳсолаҳои охир ин гуна эҷодкорӣ дар арсаи бунёди давлати типи навро накардааст. Охирин таҷрибае, ки ба ин монанд дошт, Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне мамлакати мо буд.
Ва акнун мо боз бо як чолиши азиме рӯ ба рӯем — бояд шакли нави ҳастиро барои мардум ва давлати худ пайдо кунем. На барои он ки дар бархӯрд бо Ғарб тоб оварем, балки барои он ки худи мо кайҳо ба он эҳтиёҷ доштем.
Аз ин рӯ панҷумин мулоқоти Путин бо Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо гуфтугӯи раҳбарони ду давлати хеле бонуфузу ботаҷриба аст, балки мулоқоти ду нафарест, ки чизе барои гуфтугӯ доранд. Зеро агар ду кишваре мисли Русия ва Эрон роҳи маънавию миллии худро пеш гиранд, ин маънои онро дорад, ки онҳо якҷоя мераванд. Ва ҳар яки онҳо қавитар хоҳад шуд. Акнун на танҳо ба чолишҳои Ғарб ҷавоб медиҳанд, балки якҷоя ҷаҳони наве месозанд, ки дар он халқҳои анъанавӣ мувофиқи тарзи зиндагӣ ва қонунҳои худ ба сар бурда метавонанд.