Бунёди бинои нави донишгоҳ, варзишгоҳи бузург ва хона барои олимон дар Хуҷанд

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бунёди бинои нави таълимии 9-ошёна, варзишгоҳи бузург ва манзил барои устодону олимон оғоз ёфт.
Бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и донишгоҳ сурат мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Бинои нав 9-ошёна мешавад ва дар умум барои 4000 нафар донишҷўён муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 м2 -ро дарбар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 м2 -ро фаро мегирад.
Дар назар аст, ки дар бинои нави таълимии донишгоҳ 9 факултет ҷой гирифта, дар он 7 адад толори лексионӣ ва 2 маҷлисгоҳи хурд, 18 озмоишгоҳ сохта мешаванд.
Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад
Манбаъ афзуда, ки бо сабаби он, ки сохтмони бино дар шафати бинои таълимии 3 ва дар ҳудуди маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр ба нақша гирифта шудааст, бунёди чанд иншооти дигар дар канори он пешбинӣ шудааст.

Варзишгоҳи бузург

Аз ҷумла, дар назар аст, ки варзишгоҳи муҳташаме, ки барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон фаъолият дорад, аз нав таҷдиду тармим гардида, илова бар он майдони умумии варзишӣ дар масоҳати 1500м2 бунёд мегардад.
Дар канори бинои таълимӣ ва майдончаи варзишӣ дар масоҳати 2854 м2 маҷлисгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Манзил барои устодону олимон

Дар баробари ин дар масоҳати 510 м2 бинои нави истиқоматӣ барои устодону олимони донишгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода ширкат карда, барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Хуҷанд ва Самарқанд
Манбаъ афзуда, ки бунёди бинои таълимӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ имконият медиҳад, ки воқеан дар ин мавзеъ дар канори ду бинои таълимии дигар як маҷмааи комили шаҳраки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бунёд гардад.
Лентаи хабарҳо
0