Кишту қочоқи маводи мухаддир - манбаи даромдаи ним миллион ҷамъияти Афғонистон

© SputnikУничтожение наркотических средств, архивное фото
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Тозатарин гузорише, ки дар пайванд ба чолиши маводи мухаддир дар Афғонистон мунташир шуда, марбут ба як утоқи фикрии амрикоии мавсум ба “Атлантик консул” аст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маводи мухаддир яке аз муъзалотест, ки аз муддатҳо ба ин сӯ гиребонгири Афғонистон аст, муъзале, ки ҳам мардумони ин кишварро бо мушкил дучор кардааст ва ҳам ҷаҳонёнро.
Дар тозатарин гузорише, ки дар пайванд ба чолиши маводи мухаддир дар Афғонистони пардохта шуда, марбут ба як утоқи фикрии Амрикоӣ, мавсум ба "Атлантик консул" аст.
Салом Ватандор менависад, ки бар асоси гузориши ин созмон кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ба беш аз ним миллион ҷамъияти ин кишвар заминаи корро фароҳам кардааст.
Ба гуфта ин созмон, пас аз ҳокимияти Иморати исломӣ дар Афғонистон санъати маводи мухаддир низ дар ҳол равнақ аст.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Муҷоҳид: Бегонагон дар пайи танишофаринӣ миёни Афғонистон ва ҳамсоягонаш ҳастанд
“Атлантик консул” бовар дорад, ки таҳримҳои иқтисодӣ дар баробари Иморати исломӣ, блок шудани дороиҳои арзии Афғонистон ва қатъи кумакҳои ҷаҳонӣ, сабаб шудааст то кишоварзони Афғонистон тавон кишти бадилро аз даст бидиҳанд.
“Аз замони давлати Ҷумҳурӣ ба ин сӯй тиҷорати ғайриқонунӣ маводи мухаддир яке аз бузургтарин бахшҳои иқтисодӣ дар Афғонистон буда, ки ба беш аз ним миллион ҷамъияти ин кишвар заминаи корро фароҳам кардааст”.
Гузориши “Атлантик консул” дар ҳоле пахш мешавад, ки дар моҳи ҳамли соли равон Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон бо судури як фармон истеъмол, кишт, харидуфурӯш, содирот ва коркарди маводи мухаддирро дар Афғонистони мамнуъ қард.
Лентаи хабарҳо
0