Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ошкори беш аз 20 амали иғвоангез аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Аз 26 сентябр то 18 октябр нақзи тавофуқҳои қаблӣ ба қайд гирифта шудааст. Омода кардани мавқеъҳои тирпарронӣ ва кашидани техникаи низомӣ ба марз сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор кардааст, ки аз ҷониби Қирғизистон амалҳои иғвоангез идома дорад.
Ба иттилои манбаъ ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон мавқеъҳои тирпарронӣ сохтаасту ба назди марз техникаи низомӣ овардааст.
Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст, ки сарфи назар аз тавофуқоти тибқи Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 ҳосилшуда, ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки амалҳои моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, ки ба ноором сохтани вазъ нигаронида шудаанд, омода намудани камингоҳҳои оташфишонӣ, сохтани хандақҳо, идома додани интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон далели равшани нақшаҳои бадхоҳонаи ҷониби Қирғизистон мебошанд.
Зикр гардидааст, ки аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд.
Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022 далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, силоҳи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба минтақаҳои марзӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки ин нишонаи бевоситаи амалҳои мақсадноки ҷониби Қирғизистон аст, ки ба мураккаб намудани вазъият, таҳрики дубора ба даргириҳои нави мусаллаҳона дар минтақаҳои марзӣ, инчунин барангехтани адовати миллӣ нигаронида шудаанд.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон пайравии қатъии худро барои риояи бечунучарои созиши ҳосилшуда дар бораи масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ тасдиқ мекунад.
Ҳамзамон КДАМ-и Тоҷикистон илова кардааст, ин ҳама бар хилофи суханпардозиҳои расмии баъзе аз мансабдорони Қирғизистон, ки дар гумроҳии амиқ қарор дошта, имкони ба даст овардани сулҳ миёни кишварҳо ва халқҳои моро рад карда, боиси ихтилоф байни низомиён ва аҳолии осоишта мегарданд, рух медиҳад.
“Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон бояд ба изҳорот ва рафтори онҳо баҳои муносиб диҳад” – таъкид кардааст Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.
КДАМ-и Тоҷикистон аз роҳбарияти низомии Қирғизистон даъват кардааст то амалҳои иғвоангезеро, ки боиси даргириҳои мусаллаҳона мегарданд, пешгирӣ намуда, барои татбиқи протоколҳои имзошуда ва таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои заруриро андешанд.
Лентаи хабарҳо
0