Дар Тоҷикистон хисороти ҳамлаи Қирғизистон ба хоки ҷумҳуриро эълон карданд

© Sputnik Последствия конфликта на границе с Кыргызстаном
Последствия конфликта на границе с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Мақомоти Суғд мегуянд, дар пайи муноқишаи марзӣ даҳҳо мавридҳои оташсӯзӣ ва тахриби иншооти мулкиву иҷтимоӣ сабт шуд, ки ба даҳҳо миллион сомонӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Мақомоти Идораи сӯхторнишонии Суғд баъд аз як моҳи таҳқиқ дар бораи ҳолатҳои сӯхтор ва хисороти расида дар пайи рухдоди муноқишаи мусаллаҳои марзӣ иттилоъ доданд.
Аз Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асари даргирии марзӣ дар рӯзҳои 14 -16 уми сентябр, 96 ҳолати сӯхтори хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст.
“Дар натиҷаи сӯхтор молу амволи давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ ба маблағи беш аз 32 миллиону 605 ҳазору 7 сомонӣ зарар ҳисоб шудааст”, - афзуд ин ниҳод.
Бино ба маълумоти манбаъ аз ҷумла дар деҳоти шаҳри Исфара аз 74 ҳолати сӯхтор 26 миллиону 306 ҳазору 507 сомонӣ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сабаби сухтори 21 иншоот 6 миллиону 294 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби як ҳолати сӯхтор 4500 сомонӣ маблағи зарар ҳисоб шудааст.
Масъулони Идораи сӯхторнишонӣ мегуянд, дар вақти рухдоди муноқишаи марзӣ бо гузаронидани корҳо беш аз 68 миллион сомонӣ молу амвол аз коми оташ эъмин нигоҳ дошта шудааст.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд
Чанде қабл Холмаҳмад Раҷаббойзода, муовини сардори КҲФ дар вилояти Суғд зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳ моҳаи ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт, ки танҳо дар шаҳри Исфара 56 хонаи сокинони осоишта ба пуррагӣ хароб гардидааст.
“Дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ 56 адад хонаҳо пурра, 18 адад қисман ва 166 адади дигар зарари сабук дидаанд”, – гуфт Раҷаббойзода.
Ба таъкиди ин масъули идораи КҲФ вобаста ба пешниҳоди сокинон ин рақамҳо эҳтимоли изофа шудан доранд.
Ӯ гуфт, ки дар баробари хонаҳои сокинон 3 мактаб, 1 бунгоҳи тиббӣ, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва масҷид дар ҳудуди Исфара хароб шудаанд.
Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вақти рухдоди муноқишаи марзӣ 16 адад хонаҳои сокинон пурра хароб гардида, 90 адади дигар қисман ва 33 ҳолати зарари сабук ба қайд гирифта шудааст.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон хост, вазъро ташдид накунад
Инчунин дар ин ноҳия ба 3 мактаб, 13 адад мағоза ва 1 адад масҷид осеб расидааст.
Мақомот шумори хонаҳои зарардида аз муноқишаи марзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро 4 адад эълон карда зарари онро сабук арзёбӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 -16 сентябр дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар тиркушоӣ муттаҳам намуданд. Душанбе гуфт, ки Бишкек аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, ки ҳадафи он сокинони осоишта ва иншооти онон буд.
Лентаи хабарҳо
0