Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Дурбинҳои назоратӣ дар минтақаҳои баҳсии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври баробар аз ҳар ду ҷониб насб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ду моҳ муҳлат дода шуд, ки дар минтақаҳои баҳсии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шаванд.
Ин нукта дар санади имзонамудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев таъкид гардидаст.

"На дертар аз ду моҳ баъди имзои санади мазкур аз тарафи фармондеҳони қушунҳои сарҳадии ду кишвар дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд", - омадааст дар протокол.

Таъкид гардидаст, ки макони насби дурбинҳо, таъмини амнияти онҳо, тартиби истифодаи наворҳо бо протоколи алоҳида муқаррар мешавад, ки дар давоми як моҳи оянда амалӣ мегардад.
Ахиран Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон дар пайи имзои санади қатъи низоъ дар марз бо ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев, ин ҳуҷҷатро як навъ "ғайринизомисоз" унвон карда, афзуд, ки он чораҳои қатъиро фаро мегирад.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 20-солаи марзӣ: Дипломати тоҷик мушкили тавофуқот бо Бишкекро гуфт
Ӯ гуфт, сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
“Ҳама метавонанд бо ин протоколҳо шинос шаванд, ҳеч кадомашон махфӣ нестанд, дар дастрасии озоданд", - афзуд Ятимов.
Ӯ таъкид намуд, ки зимни таҳияи санадҳо дар асоси руҳия ва меъёри ҳуқуқи римӣ амал мекунанд. Аз ҷумла меъёреро зикр кард, ки ирода агар давлатӣ бошад, он бояд дар шакли қонун, санад ва созишномаҳо аз ҷониби дастгоҳи иҷроия табиқ гардад. Дар акси ҳол ин ирода аз сухани холӣ беш нест, афзуд Ятимов.
Лентаи хабарҳо
0