https://sputnik.tj/20221013/tojikiston-qirghiziston-vaz-tashdid-1052100275.html
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон хост, вазъро ташдид накунад
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон хост, вазъро ташдид накунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ масъалаи ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард
2022-10-13T14:04+0500
2022-10-13T14:04+0500
2022-10-13T14:04+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
вазъ
ташдид
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:467:2048:1619_1920x0_80_0_0_cf4577fb35199f39996cc42c0b26492c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин,, ҳама изҳороти бардурӯғи ҷониби Қирғизистон дар мавриди муноқиша дар марзро рад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Остона, мавсув дар вокуниш ба изҳороти беасоси ҷониби Қирғизистон дар бораи паёмадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон маълумоти муфассал дод. Вай аз ҷониби Қирғизистон даъват кард, ки аз ташдиди вазъ худдорӣ, протоколҳои имзошударо риоя кунад ва ҷараёни иҷрои онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ёдовар шуд, ки дар натиҷа “беш аз панҷоҳ ғайринизомӣ кушта ва ҳудуди дусад ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд”. Тайи таърихи бистсолаи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ба таъкиди номбурда даҳҳо протокол ба имзо расидааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ҳама асноди марбут ба тағйири сохтори сиёсӣ дар Қирғизистон баррасӣ ва рад мешаванд. Вай ҳамчунин даъвои ҷониби Қирғизистонро, ки аз Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмаато ёдовар шуда, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои муайян кардани марзи давлатӣ муаррифӣ кардааст, рад кард. Ба гуфтаи вай, масъалаи таъйини убури хатти марзӣ мавзӯъи танзими ин ду санад нест."Ягона асоси ҳуқуқӣ барои идомаи раванди музокирот ҳуҷҷатҳои марзии миллӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ дар солҳои 1924-1927 мебошанд, ки аз тамоми расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд", - қайд кард ӯ. Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20221012/muloqoti-sejoniba-rusiya-tojikiston-qirghiziston-ostona-1052091569.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:275:2048:1811_1920x0_80_0_0_6444cc08ab2c83dc3a5ae78b844a9097.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх тоҷикистон қирғизистон вазъ ташдид
вкх тоҷикистон қирғизистон вазъ ташдид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон хост, вазъро ташдид накунад
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ масъалаи ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин,, ҳама изҳороти бардурӯғи ҷониби Қирғизистон дар мавриди муноқиша дар марзро рад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Остона, мавсув дар вокуниш ба изҳороти беасоси ҷониби Қирғизистон дар бораи паёмадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон маълумоти муфассал дод.
Вай аз ҷониби Қирғизистон даъват кард, ки аз ташдиди вазъ худдорӣ, протоколҳои имзошударо риоя кунад ва ҷараёни иҷрои онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
"Тоҷикистон тарафдори ҳалли ҳама масъалаҳо бо Қирғизистон танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ аст", - таъкид кард Муҳриддин.
Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ёдовар шуд, ки дар натиҷа “беш аз панҷоҳ ғайринизомӣ кушта ва ҳудуди дусад ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд”.
Тайи таърихи бистсолаи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ба таъкиди номбурда даҳҳо протокол ба имзо расидааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ҳама асноди марбут ба тағйири сохтори сиёсӣ дар Қирғизистон баррасӣ ва рад мешаванд.
Вай ҳамчунин даъвои ҷониби Қирғизистонро, ки аз Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмаато ёдовар шуда, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои муайян кардани марзи давлатӣ муаррифӣ кардааст, рад кард.
Ба гуфтаи вай, масъалаи таъйини убури хатти марзӣ мавзӯъи танзими ин ду санад нест.
"Ягона асоси ҳуқуқӣ барои идомаи раванди музокирот ҳуҷҷатҳои марзии миллӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ дар солҳои 1924-1927 мебошанд, ки аз тамоми расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд", - қайд кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.