https://sputnik.tj/20221013/rubl-tojikiston-kohish-qurb-asor-1052094697.html
Рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: қурби асъор
Рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: қурби асъор
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубли русӣ уфти бештар дошта, еврои аврупоӣ низ майли поинравӣ доранд, аммо доллар бетағйир
2022-10-13T10:03+0500
2022-10-13T10:03+0500
2022-10-13T10:05+0500
қурби асъор
сомонӣ
доллар
рубл
евро
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_0:23:1000:586_1920x0_80_0_0_9973fc64566b742a5258435f1292cae4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ давоми як шабонарӯз 1,1 сомонӣ коҳиш ёфтааст.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 157,9 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 9.9165 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.2200 сомонӣ муқаррар шуда буд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бидуни тағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як доллар 10.2190 сомонӣ медиҳанд.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 163 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 157 ва дар фурӯш 166,4 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 157,9 ва 160,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 157,9 ва ҳангоми фурӯш 160 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20221008/peshgui-iqtisoddon-dollar-1051981783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_77:0:964:665_1920x0_80_0_0_7e5092aa8f5d3718953d90b4359d71d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон коҳиш қурб асъор
рубл тоҷикистон коҳиш қурб асъор
Рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: қурби асъор
10:03 13.10.2022 (Навсозишуда: 10:05 13.10.2022) Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубл уфти бештар дошта, еврои аврупоӣ низ майли поинравӣ доранд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ давоми як шабонарӯз 1,1 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 157,9 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 9.9165 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.2200 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бидуни тағйир мондааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як доллар 10.2190 сомонӣ медиҳанд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 163 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 157 ва дар фурӯш 166,4 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 157,9 ва 160,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 157,9 ва ҳангоми фурӯш 160 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.