Пешгӯии иқтисоддон дар мавриди доллар дар моҳи октябр: чигуна хоҳад буд?

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
Пас аз поинравии дигар, доллар мисли евро ба зудӣ мизони гардишро ба афзоиш мубаддал мекунад. Якчанд омилҳо боиси тағйирёбии динамикаи қурби асъор мешаванд.
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар ҳафтаҳои оянда қурби доллар метавонад ба 65 рубл бирасад. Дар ин бора Богдан Зварич, сармутахассиси Banki.ru хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар авохири моҳи сентябр чанд омил ба асъори амрикоӣ фишор меовард, ки яке аз онҳо афзоиши талабот ба пардохтпазирии рубл аз ҷониби содиркунандагон дар арафаи авҷи пардохтҳои андоз буд, ки ба афзоиши пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор мусоидат кард.
Вай таъкид кард, ки ба ин тарси сармоягузорон ба далели таҳримҳо изофа шудааст, ки метавонад дар муъомилоти евро ва доллар дар биржа мушкилот эҷод кунад ва имкони табдил ба рубл ё пули кишварҳои дӯстро маҳдуд кунад.
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Пасандозро бо кадом асъор бояд нигоҳ дошт? Посухи таҳлилгар
Омили дигари фишор болои "амрикоӣ" саҳми муомилот бо юан буд. Ин аз афзоиши таваҷҷӯҳ ба пули Чин шаҳодат медиҳад, зеро хатарҳои марбут ба он камтаранд.
Таҳлилгар таъкид кард, ки то охири ҳафтаи оянда қурби доллар пас аз коҳишёбиҳои ахир, дар пайи авомили зикршуда боз боло меравад.
Коршинос таъкид кард, ки мувозинати талабот ба асъори хориҷӣ ва пешниҳоди он, ки дар моҳҳои ахир ҷой дошту уствории рублро таъмин мекард, вайрон мешавад.
"Мо метавонем қурби долларро ҳам дар 50 ва ҳам 70 рубл мушоҳида кунем ва муҳимтар аз ҳама, итминон вуҷуд надорад, ки қурб ҳадди ақал чанд соат дар сатҳи расида боқӣ мемонад", - афзуд ӯ.
Илова бар ин, Бабин гуфт, ки дар моҳи октябр бо асъори калидии кишварҳои дӯст - юани чинӣ ва доллари Ҳонконг чӣ рӯй хоҳад дод. Ба ақидаи ӯ, дар робита ба онҳо рубл тадриҷан арзонтар мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан коршинос Дмитрий Бабин низ гуфта буд, ки бо таъсири таҳримот ва фишор болои рубл, доллар дар моҳи ҷорӣ имкон дорад дигарбора ба 70 рубл бирасад.
Лентаи хабарҳо
0