https://sputnik.tj/20221010/oghozi-intiqoli-kolohoi-eroni-afghoniston-rohi-ohan-1052023006.html
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои хабар доданд, ки роҳи оҳани Ҳирот - Хоф то ду моҳи оянда такмил шуда ва қарор аст Эрон интиқоли коло аз ин тариқро ба Афғонистон оғоз кунад
2022-10-10T21:20+0500
2022-10-10T21:20+0500
2022-10-10T21:20+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
эрон
роҳи оҳан
сохтмон
интиқол
содирот
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101392/75/1013927529_0:801:1292:1528_1920x0_80_0_0_83f1f8fac3c2b5ee5d7487b198520a51.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Идораи роҳи оҳани Афғонистон эълом кардааст, ки кори таъмири хати роҳи оҳани Хоф - Ҳирот бо суръат идома дорад ва то ду моҳи оянда пурра таъмир мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки бо такмили хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Эрон ваъда додааст то интиқоли коло аз ин тариқ ба Афғонистонро дар ояндаи наздик оғоз кунад.Қарор аст роҳи оҳани Хоф – Ҳирот солона 6 миллион тон бор интиқол диҳанд ва тариқи он як миллион мусофир равуо кунанд.Расонаҳо хабар доданд, ки сохтмони ин роҳи оҳан на танҳо ба тиҷорати Афғонистон бо Эронро тақвият медиҳад, балки аҳамияти зиёде барои соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва Ҳинд дорад.Хабар дода шудааст, ки ин масири роҳи оҳан бахше калидӣ аз пружаи 2 миллиарддолларии каридори роҳи оҳани панҷ кишвар (FNRC) аст.Лоиҳаи каридори хати роҳи оҳани панҷ кишвар эҳдоси як хати роҳи оҳани убуркунанда аз кишварҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро пешбинӣ мекунад, ки бо идома ба Туркия хоҳад расид. Ин хати роҳи оҳан кишварҳои ёдоваршударо на танҳо ба якдигар, балки ба Аврупо муттасил хоҳад кард.Илова бар хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон низ иқдомоти амалии сохти хати роҳи оҳани “Транс-афғон” бо ҳадафи барқарории иртибототи роҳи оҳанӣ байни Тирмиз ва Пешоварро оғоз карданд.
https://sputnik.tj/20210330/Azmi-Tojikiston-sokhtmon-roh-ohan-Afgoniston-1033099006.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101392/75/1013927529_0:680:1292:1649_1920x0_80_0_0_a6b69c090f30c1c9b8b1d6cc4fc1ba84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, роҳи оҳан, такмил, интиқол, коло, содирот, такмил
афғонистон, эрон, роҳи оҳан, такмил, интиқол, коло, содирот, такмил
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Расонаҳои хабар доданд, ки роҳи оҳани Ҳирот - Хоф то ду моҳи оянда такмил шуда ва қарор аст Эрон интиқоли коло аз ин тариқро ба Афғонистон оғоз кунад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Идораи роҳи оҳани Афғонистон эълом кардааст, ки кори таъмири хати роҳи оҳани Хоф - Ҳирот бо суръат идома дорад ва то ду моҳи оянда пурра таъмир мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки бо такмили хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Эрон ваъда додааст то интиқоли коло аз ин тариқ ба Афғонистонро дар ояндаи наздик оғоз кунад.
Қарор аст роҳи оҳани Хоф – Ҳирот солона 6 миллион тон бор интиқол диҳанд ва тариқи он як миллион мусофир равуо кунанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки сохтмони ин роҳи оҳан на танҳо ба тиҷорати Афғонистон бо Эронро тақвият медиҳад, балки аҳамияти зиёде барои соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва Ҳинд дорад.
Хабар дода шудааст, ки ин масири роҳи оҳан бахше калидӣ аз пружаи 2 миллиарддолларии каридори роҳи оҳани панҷ кишвар (FNRC) аст.
Лоиҳаи каридори хати роҳи оҳани панҷ кишвар эҳдоси як хати роҳи оҳани убуркунанда аз кишварҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро пешбинӣ мекунад, ки бо идома ба Туркия хоҳад расид. Ин хати роҳи оҳан кишварҳои ёдоваршударо на танҳо ба якдигар, балки ба Аврупо муттасил хоҳад кард.
Илова бар хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон низ иқдомоти амалии сохти хати роҳи оҳани “Транс-афғон” бо ҳадафи барқарории иртибототи роҳи оҳанӣ байни Тирмиз ва Пешоварро оғоз карданд.