Азми Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан ба Афғонистон

© Sputnik / Asatur YesayantsЖелезная дорога
Железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул", бархе лоиҳаҳои нақлиётию транзитиро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, кишварҳои минтақаи моро на танҳо марзҳои муштарак, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд.
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Дастури ҳукумат: ба Чин бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон пардохт шавад
"Афғонистон дар қалби ин шоҳроҳ воқеъ гардида, минтақаҳои гуногуни олам, бахусус Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо, Чин ва Ховари Миёнаро бо ҳам мепайвандад. Тоҷикистон бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро яке аз самтҳои муҳимми ҳамкории ҷонибҳо мешуморад", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, Тоҷикистон баҳри гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушду тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти мо – Афғонистон кӯшишҳои пайваста менамояд.
"Аз ин рӯ, мо алоқаманди истифодаи васеи масири роҳи Афғонистон – Тоҷикистон - Чин ва Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон ҳастем", - таъкид намуд раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ҳарчӣ зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар талош карда истодаем.
"Пешниҳод мекунем, ки он ба як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфта, ба долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" пайваст шавад", - таъкид кард раисиҷумҳур.
Лентаи хабарҳо
0