https://sputnik.tj/20221007/se-maktab-deha-sarbozoni-kushtashuda-munoqishahoi-marzi-1051954647.html
Се мактаб ва як деҳа ба номи сарбозони кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ гузошта шуданд
Се мактаб ва як деҳа ба номи сарбозони кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ гузошта шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вилояти Хатлон мактабҳову деҳа ба номи сарбозони фавтида дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта шуданд
2022-10-07T09:00+0500
2022-10-07T09:00+0500
2022-10-07T09:19+0500
дар тоҷикистон
абдураҳмони ҷомӣ
мактаб
деҳа
номгузорӣ
муноқишаи марзӣ
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/00/1029470031_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_469b531eb767e861289247e7bae15b76.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Се муассисаи таълимӣ ва як деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба номи сарбозони шаҳидшудаи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Манбаъ хабар додааст, ки ҳукумати ноҳияи мазкур мақсад аз номгузории мактабҳову деҳа ба номи сарбозони шаҳидшуда, зинда нигаҳ доштани номи онҳо мебошад.Ба иттилои мақомот сарбози фавтида Сунатулло Маҳмадов дар деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шуда, мактаби рақами 3-и ин деҳаро хатм кардааст, аз ин хотир ин муассиса ба номи ӯ гузошта шуд.Ба иттилои манбаъ деҳаи Правдаи ноҳия ба номи Муҳаммадҷон Пиров, ки дар муноқишаи марзӣ аз тири душман кушта шуд гузошта шудааст.Муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳия низ ба номи сарбози фавтидаи дигар Абдураҳим Нурзода гузошта шуд. Гуфта шуд, ки Абдураҳим Нурзода хатмкардаи мактаби 5-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.Инчунин мактаби рақами 55 бошад, ба номи Шуҳратҷон Тағоймуродзода номгузорӣ шудааст. Ӯ низ дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯйи сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20220927/peshnihodi-nomguzorii-maktabe-viloyati-sughd-damirbek-olimov-1051688555.html
абдураҳмони ҷомӣ
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/00/1029470031_189:0:910:541_1920x0_80_0_0_725ed853068abcfcf0f6e4fa40868b79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мноқиша, марзӣ, номи, сарбозон, кушташуда, фавтида, қирғизистон, деҳа, мактаб
тоҷикистон, мноқиша, марзӣ, номи, сарбозон, кушташуда, фавтида, қирғизистон, деҳа, мактаб
Се мактаб ва як деҳа ба номи сарбозони кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ гузошта шуданд
09:00 07.10.2022 (Навсозишуда: 09:19 07.10.2022) Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вилояти Хатлон мактабҳову деҳа ба номи сарбозони фавтида дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Се муассисаи таълимӣ ва як деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба номи сарбозони шаҳидшудаи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳукумати ноҳияи мазкур мақсад аз номгузории мактабҳову деҳа ба номи сарбозони шаҳидшуда, зинда нигаҳ доштани номи онҳо мебошад.
Ба иттилои мақомот сарбози фавтида Сунатулло Маҳмадов дар деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шуда, мактаби рақами 3-и ин деҳаро хатм кардааст, аз ин хотир ин муассиса ба номи ӯ гузошта шуд.
Ба иттилои манбаъ деҳаи Правдаи ноҳия ба номи Муҳаммадҷон Пиров, ки дар муноқишаи марзӣ аз тири душман кушта шуд гузошта шудааст.
Муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳия низ ба номи сарбози фавтидаи дигар Абдураҳим Нурзода гузошта шуд. Гуфта шуд, ки Абдураҳим Нурзода хатмкардаи мактаби 5-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Инчунин мактаби рақами 55 бошад, ба номи Шуҳратҷон Тағоймуродзода номгузорӣ шудааст. Ӯ низ дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯйи сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид.