https://sputnik.tj/20220927/peshnihodi-nomguzorii-maktabe-viloyati-sughd-damirbek-olimov-1051688555.html
Пешниҳоди номгузории мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек Олимов
Пешниҳоди номгузории мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек Олимов
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки мактаберо дар ноҳия ба номи овозхон Дамирбек Олимов гузошта шавад
2022-09-27T09:00+0500
2022-09-27T09:00+0500
2022-09-27T09:00+0500
дар тоҷикистон
дамирбек олимов
деваштич
суғд
мактаб
номгузорӣ
санъат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520637_0:25:1080:633_1920x0_80_0_0_ab94236af6eebf0740cf38d04bbf0461.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар вилояти Суғд мехоҳанд Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичро ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузоранд.Дар ин бора аз қароре, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бармеояд.Дар қарор омадааст, ки ин пешниҳод барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.Ёдовар мешавем, ки сарояндаи шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.Дамирбек Олимов 33 сол дошта, дар ноҳияи Деваштич, Ғончии собиқ дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 2004-2008 Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.Марҳум дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро Ҷурабек Муродов ба уҳда дорад, ва ҳамчунин дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва падари се фарзанд буд.Шуҳрати Дамирбек пас аз иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъдан мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэте бо сароянда Нигина Амонқулова афзуд.Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар жанри эстрада ва ҳам шашмақом суруд мехонд.
https://sputnik.tj/20220213/surat-telefon-surud-damirbek-milisa-video-1045806497.html
деваштич
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520637_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_0daf7d1e9766b713ca008144236af2bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, пешниҳод, дамирбек олимов, пешниҳод, мактаб, деваштич, номгузорӣ
тоҷикистон, суғд, пешниҳод, дамирбек олимов, пешниҳод, мактаб, деваштич, номгузорӣ
Пешниҳоди номгузории мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек Олимов
Вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич пешниҳод кардаанд, ки мактаберо дар ноҳия ба номи овозхон Дамирбек Олимов гузошта шавад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар вилояти Суғд мехоҳанд Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштичро ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузоранд.
Дар ин бора аз қароре, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бармеояд.
Дар қарор омадааст, ки ин пешниҳод барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки сарояндаи шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Дамирбек Олимов 33 сол дошта, дар ноҳияи Деваштич, Ғончии собиқ дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.
Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 2004-2008 Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.
Марҳум дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро Ҷурабек Муродов ба уҳда дорад, ва ҳамчунин дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва падари се фарзанд буд.
Шуҳрати Дамирбек пас аз иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъдан мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэте бо сароянда Нигина Амонқулова афзуд.
Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар жанри эстрада ва ҳам шашмақом суруд мехонд.