Русия аз Амрико посух мехоҳад, ки дар садамаи лӯлаи “Маҷрои шимолӣ” даст дорад ё на

© AFP 2023 / Stefani ReynoldsПрезидент США Джо Байден выступает с речью после массовой стрельбы в начальной школе в Техасе
Президент США Джо Байден выступает с речью после массовой стрельбы в начальной школе в Техасе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия аз Байден хостааст, ки дар бораи даст доштан ё надштани ИМА дар садамаи лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” посух диҳад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вашингтон бояд ба ин суол посух диҳад, ки оё Иёлоти Муттаҳида дар тахриби эҳтимолии лӯлаҳои гази "Маҷрои шимолӣ" даст дорад ё на, гуфт сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова.
Хонум Захарова дар Telegram-канали худ як порчаи суханонии раисҷумҳури ИМА Ҷо Байденро нашр кард, ки дар он ӯ изҳор дошт: “Агар Русия ҳуҷум кунад, агар танкҳо ё сарбозон дубора сарҳади Украинаро убур кунанд, дигар “Маҷрои Шимолӣ” вуҷуд нахоҳад дошт. Мо ба ин хотима медиҳем. Ба шумо ваъда медиҳам, мо метавонем ин корро кунем".
"Байден вазифадор аст ба суол посух диҳад, ки оё Иёлоти Муттаҳида таҳдиди худро дар рӯзҳои 25 ва 26 сентябри соли равон, ки эҳтимол дар се хатти “Маҷрои шимоӣ-1” ва “Маҷрои шимоӣ-2”, ки таркиши лӯла сурат гирифтааст, амалӣ кардааст ё на?", - таъкид кардааст Захарова.
Вай қайд кард, ки "ният амал шуд" ва аз ӯ даъват кард, ки барои суханони худ ҷавобгӯ бошад.
Встреча президента РФ В. Путина с канцлером Германии А. Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Меркел: Сухани Путинро дар мавриди хатари ҳастаӣ бояд ҷиддӣ гирифт
Ахиран дар оператори “Маҷрои шимолӣ-2”, ширкати Nord Stream AG хабар дод, ки дар яке аз хатҳои лӯла дар обҳои Дания дар наздикии ҷазираи Борнҳолм ҳодисаи изтирорӣ рух додааст. Сипас Nord Stream AG, дар бораи коҳиши фишор дар ҳарду хати лӯлаи гоз гузориш дод.
Ҳарду лӯлаи газ дар он вақт кор намекарданд. “Маҷрои шимолӣ” дар тобистон ба далели мушкилот дар таъмир ва мушкилот дар агрегатҳои Сименс фаъолияташро қатъ кард.
“Маҷрои шимолӣ-2”, ки комилан сохта шудааст, ҳеҷ гоҳ ба кор андохта нашуда ва сертификатсияи лӯлаи газ пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина қатъ гардид. Бо вуҷуди набудани таҷҳизот тамоми лӯлаҳо бо гази техникӣ пур карда шуда буданд.
Маркази сейсмикии Шветсия таркишҳои пурқуввати зериобиро дар минтақаи сабт кардааст. Мақомоти Олмон ва Дания истисно намекунанд, ки сабаби садама тахрибкорӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0