https://sputnik.tj/20220930/dakholati-ima-siyosat-kishvar-idm-kafolat-1051782674.html
Лавров: Аз дахолати ИМА ба сиёсати дохилӣ ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад
Лавров: Аз дахолати ИМА ба сиёсати дохилӣ ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, ҳич кишвари ИДМ кафолат надорад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сиёсати ин кишварҳои дахолат накунад
2022-09-30T14:20+0500
2022-09-30T14:20+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
идм
има
сиёсат
кафолат
сергей лавров
вазири хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048747481_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_df3228315ff28ae4dba0b3668ce0355f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад, ки аз сӯйи кишварҳои Ғарб таҳти сарварии ИМА ба сиёсати онҳо дахолат карда намешавад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.Оқои Лавров ахиран дар Маскав дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои вижа ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ аз талоши ташкили инқилоби ранга дар Беларус ёдовар шуд, ки ду соли пеш сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ гуфт, кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд.“Рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Маскав ҷаласаи роҳбарони мақомоти махсус ва амниятии кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад, ки аз Тоҷикистон дар он раиси КДАМ ҶТ, Саймумин Ятимов иштирок дорад.
https://sputnik.tj/20220930/lavrov-yatimov-amniyati-idm-1051781608.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048747481_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_13103e5aa5b1264b5e05f58cff03e8b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, идм, дахолат, сиёсат, има, идм, сергей лавров, вазири хориҷаи русия
русия, идм, дахолат, сиёсат, има, идм, сергей лавров, вазири хориҷаи русия
Лавров: Аз дахолати ИМА ба сиёсати дохилӣ ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад
14:20 30.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, ҳич кишвари ИДМ кафолат надорад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сиёсати ин кишварҳо дахолат накунад
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад, ки аз сӯйи кишварҳои Ғарб таҳти сарварии ИМА ба сиёсати онҳо дахолат карда намешавад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Оқои Лавров ахиран дар Маскав дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои вижа ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ аз талоши ташкили инқилоби ранга дар Беларус ёдовар шуд, ки ду соли пеш сурат гирифт.
"Аммо маълум аст, ки ҳеҷ кишвари ИДМ аз ин гуна дахолат кафолат надорад. Ин дар амалҳои ғаразноки ИМА, НАТО, Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба таври ошкоро дида мешавад", - гуфт Лавров.
Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ гуфт, кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд.
“Рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Маскав ҷаласаи роҳбарони мақомоти махсус ва амниятии кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад, ки аз Тоҷикистон дар он раиси КДАМ ҶТ, Саймумин Ятимов иштирок дорад.