https://sputnik.tj/20220815/oriyonbonk--kishvar-osiyoi-markazi-namoyandagi-1050721361.html
"Ориёнбонк" дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагияшро боз кард
"Ориёнбонк" дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагияшро боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Дувумин бонки бузург ва низомсози Тоҷикистон дар Тошканд намояндагии худро боз кард ва аллакай иҷозатномаи ҷониби Ӯзбекистонро дарёфт кардааст
2022-08-15T13:35+0500
2022-08-15T13:35+0500
2022-08-16T17:07+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
намояндагӣ
бонк
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_0:106:3000:1794_1920x0_80_0_0_420f794cf9fe41c2ef2279c9e773b4e3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. ҶСК "Ориёнбонк" дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкати молиявӣ. Бонки марказии Ӯзбакистон намояндагии бонки Тоҷикистонро дар Тошканд аккредитатсия кардааст. Ҳамин тариқ Бонки марказии ҳамсоякишвар барои фаъолияти молиявӣ барои се сол, то соли 2025 иҷозатнома додааст. Маълум аст, ки намояндагии бонки хориҷӣ танҳо барои ҳимояи манфиатҳои бонки асосӣ таъсис дода мешавад, ки вазифаи он ба дарёфти шарикон, гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ ва тадқиқоти маркетингӣ маҳдуд карда шудааст. Намояндагии бонк бар хилофи филиал ҳуқуқ надорад амалиёти бонкиро анҷом диҳад. Маълум аст, ки аз соли 2019 дар Ӯзбекистон боз ду ташкилоти қарзии тоҷикӣ - "Алиф Тек" ва "Алиф Молия" фаъолият мекунанд. Соҳибони онҳо бонки "Алиф банк" мебошанд. Ҳамин тариқ, "Alif tech" ҳатто барои анҷом додани амалиёт барои интиқоли фаромарзӣ, пардохт дар муассисаҳо, пур кардани тавозуни мобилӣ, пардохти хароҷоти коммуналӣ ва ғайра иҷозатнома гирифт.Ёдовар мешавем, ки ҶСК "Ориёнбонк" соли 1991 (дар заминаи "Тоҷикпромстройбонк") кушода шудааст. Он ба рӯйхати бонкҳои низомии кишвар дохил карда шудааст, ки ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молиявӣ аз рӯи нишондиҳандаи умумӣ 20,06 фоизро ташкил медиҳад. Раҳбари асосии ин бонк Ҳасан Асадуллозода мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон 32 филиал ва беш аз 200 маркази хидматрасонии "Ориёнбонк" фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20220813/bor-tojikiston-peshsaf-rushd-iqtisod-1050685309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_234:0:2766:1899_1920x0_80_0_0_b0cd5aa193088361e661acf5fc62c9f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"ориёнбонк" осиёи марказӣ намояндагӣ ӯзбекистон
"ориёнбонк" осиёи марказӣ намояндагӣ ӯзбекистон
"Ориёнбонк" дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагияшро боз кард
13:35 15.08.2022 (Навсозишуда: 17:07 16.08.2022) Дувумин бонки бузург ва низомсози Тоҷикистон дар Тошканд намояндагии худро боз ва аллакай иҷозатномаи ҷониби Ӯзбекистонро дарёфт кардааст
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. ҶСК "Ориёнбонк" дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкати молиявӣ.
Бонки марказии Ӯзбакистон намояндагии бонки Тоҷикистонро дар Тошканд аккредитатсия кардааст.
Ҳамин тариқ Бонки марказии ҳамсоякишвар барои фаъолияти молиявӣ барои се сол, то соли 2025 иҷозатнома додааст.
Маълум аст, ки намояндагии бонки хориҷӣ танҳо барои ҳимояи манфиатҳои бонки асосӣ таъсис дода мешавад, ки вазифаи он ба дарёфти шарикон, гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ ва тадқиқоти маркетингӣ маҳдуд карда шудааст.
Намояндагии бонк бар хилофи филиал ҳуқуқ надорад амалиёти бонкиро анҷом диҳад.
Маълум аст, ки аз соли 2019 дар Ӯзбекистон боз ду ташкилоти қарзии тоҷикӣ - "Алиф Тек" ва "Алиф Молия" фаъолият мекунанд. Соҳибони онҳо бонки "Алиф банк" мебошанд.
Ҳамин тариқ, "Alif tech" ҳатто барои анҷом додани амалиёт барои интиқоли фаромарзӣ, пардохт дар муассисаҳо, пур кардани тавозуни мобилӣ, пардохти хароҷоти коммуналӣ ва ғайра иҷозатнома гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҶСК "Ориёнбонк" соли 1991 (дар заминаи "Тоҷикпромстройбонк") кушода шудааст.
Он ба рӯйхати бонкҳои низомии кишвар дохил карда шудааст, ки ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молиявӣ аз рӯи нишондиҳандаи умумӣ 20,06 фоизро ташкил медиҳад.
Раҳбари асосии ин бонк Ҳасан Асадуллозода мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон 32 филиал ва беш аз 200 маркази хидматрасонии "Ориёнбонк" фаъолият доранд.