https://sputnik.tj/20220927/peshnihodi-rahmon-tasis-markaz-millii-tarjuma-1051714582.html
Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии тарҷума
Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии тарҷума
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран ба масъулин дастур дод, ки дар кишвар Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумат таъсис дода шавад
2022-09-27T19:15+0500
2022-09-27T19:15+0500
2022-09-27T19:15+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
пешниҳод
таъсис
марказ
тарҷума
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051714397_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_fb76b229f3136ef91e5315706312d482.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати кишвар таъсис дода шавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.“Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст”,- гуфт кишвардори Тоҷикистон.Ҳамзамон роҳбари кишвар дастур дод, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намоянд.Зикр шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, барои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳила барномаҳои давлатӣ қабул намуд.Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шурӯъ гардидааст, идома дорад.“Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд”, -гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.“Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст”, -афзуд роҳбари давлат.Таъкид гардид, ки ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.Вай илова кард, ки ба ҳамин хотир кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.
https://sputnik.tj/20220927/tadrisi-tojik-makotibi-aqalliyat-milli-tojikiston-1051708043.html
https://sputnik.tj/20220927/iftitohi-gimnaziyai-nuriddin-dar-dushanbe-1051703969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051714397_197:0:2926:2047_1920x0_80_0_0_3e29949f89fe71c5bf4cba6da9c28bd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, таъсис, марказ, тарҷума, забон, хориҷӣ, англисӣ
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, таъсис, марказ, тарҷума, забон, хориҷӣ, англисӣ
Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии тарҷума
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран ба масъулин дастур дод, ки дар кишвар Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумат таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати кишвар таъсис дода шавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
“Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст”,- гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамзамон роҳбари кишвар дастур дод, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намоянд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, барои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳила барномаҳои давлатӣ қабул намуд.
Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шурӯъ гардидааст, идома дорад.
“Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд”, -гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.
“Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст”, -афзуд роҳбари давлат.
Таъкид гардид, ки ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.
Вай илова кард, ки ба ҳамин хотир кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.