Ифтитоҳи “Гимназияи Нуриддин” дар Душанбе

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и Рустам Эмомали открыли новую Гимназию Душанбе
Рахмон и Рустам Эмомали открыли новую Гимназию Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт “Гимназияи Нуриддин”-ро ифтитоҳ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, гимназия барои 2 ҳазор хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст.
Таъкид шудааст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин”-ро соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Қосимов бунёд намуда, таълиму тарбия дар он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.
Эмомали Рахмон в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи забонҳо аз сӯи Раҳмон дар Душанбе
Дар гимназия 230 нафар омӯзгор дар асоси озмун ба кор ҷалб гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки барои омодасозии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ китобхонаи муассиса бо 125 номгӯи китобҳои бадеӣ ва беш аз 4 ҳазор китоби фаннӣ ташкил гардида, бо истифода аз толори барҳавои хониш толибилмон метавонанд ба китобхонӣ машғул шаванд.
Пас аз боздид Эмомалӣ Раҳмон чунин тасмимҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро боиси дастгирӣ арзёбӣ карда, масъулинро вазифадор кард, ки ба сифати таълиму тарбия, омӯзиши амиқи технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ дар таълимгоҳ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0