https://sputnik.tj/20220927/tadrisi-tojik-makotibi-aqalliyat-milli-tojikiston-1051708043.html
Пешниҳоди тадриси беҳтари тоҷикӣ дар макотиби ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Пешниҳоди тадриси беҳтари тоҷикӣ дар макотиби ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Дастпарварҳои макотиби типи нав, ки таълимашон бо русию англисӣ аст, дар сурати шиносоӣ бо забони тоҷикӣ фарҳангу адабиёти тоҷикро метавонанд муаррифӣ кунанд 27.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-27T16:20+0500
2022-09-27T16:20+0500
2022-09-27T16:20+0500
дар тоҷикистон
маориф
забон
таълим
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996292_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_2680870ac437907bfdc1a2718276d133.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт. Ӯ таъкид намуд, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад."Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист", - изҳор дошт Раҳмон. Вай афзуд, ки ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.Раисҷумҳур зарур хонд, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти тоҷик мутобиқ гардонида шаванд. "То ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд", - таъкид кард Раҳмон.
https://sputnik.tj/20220927/emomali-rahmon-tayin-vazifa-1051699504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996292_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_01e5b5b61eabd54baabc5090ccbb9038.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, забон, таълим
дар тоҷикистон, маориф, забон, таълим
Пешниҳоди тадриси беҳтари тоҷикӣ дар макотиби ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Дастпарварҳои макотиби типи нав, ки таълимашон бо русию англисӣ аст, дар сурати шиносоӣ бо забони тоҷикӣ фарҳангу адабиёти тоҷикро метавонанд муаррифӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт.
Ӯ таъкид намуд, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.
"Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай афзуд, ки ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.
Раисҷумҳур зарур хонд, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти тоҷик мутобиқ гардонида шаванд.
"То ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд", - таъкид кард Раҳмон.