Ҳушдори барномаи ҷаҳонии ғизо аз хатари қаҳтӣ дар 20 соли ахир дар Афғонистон

© AP / Ebrahim Noroozi4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан
4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
Барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузориши ахири худ ҳушдор додааст, ки Афғонистон пас аз як соли вайронгарӣ дар хатари қаҳтӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар як гузорише гуфтааст, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда ва ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.
Ба гуфта ин ниҳод, миллионҳо хониводаҳо тақрибан ҳеҷ роҳӣ барои каноромадан бо зимистони сахти пеш рӯ надоранд.
Барномаи ҷаҳонии ғизо таъкид мекунад, ки барои кумак ба мардуми Афғонистон дар остона фарорсидани зимистон ба 1,1 миллиард доллар ниёз дорад .
Ин ҳушдор дар ҳоле матраҳ мешавад ки бо гузашт беш аз як сол аз тасаллути толибон бар Афғонистон фақру гуруснагӣ афзоиш ёфтааст.
Талибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Интиқоли таҷҳизоти майдони ҳавоии Багром ба макони номаълум тавассути толибон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини дабири кулли СММ гуфт, фақр дар Афғонистон дар ҳоли амиқтар шудан аст ва ҷаҳон бояд бархе кумакҳои инкишофиро дар ин кишвар аз сар бигиранд.
Ба гуфтаи Мартин Грифитс, муовини дабири кули СММ дар умури ҳамоҳангии кумакҳои башарӣ, фақр дар Афғонистон амиқтар мешавад, ҷамъияти дарҳолӣ афзоиш меёбад ва толибони буҷет барои оянда худ надоранд.
“Барои мо возеҳ шудааст то бахше аз ниёзҳои инкишофӣ аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Афғонистон на танҳо бо буҳрони башарӣ мувоҷеҳ аст балки бо буҳронҳои мутаъаддид аз ҷумлаи буҳрони иқтисодӣ, иқлимӣ, гуруснагӣ ва буҳронии молӣ мувоҷеҳ аст ва вазифаи мо инаст то ба онон кумак кунем то ба рифоҳ ва шукуфоӣ барисанд ва дар амон бошанд.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
Грифитс ҳушдор дод, ки бо фаро расидани зимистон, вазъият дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд, зеро қимати маводи хурокӣ ва сӯхт аз қабл дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва бо сард шудани ҳаво қиматҳо ба осмонӣ хоҳад расид.
Муовини дабири кули СММ бори дигар таъкид кард, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0