https://sputnik.tj/20220516/millionhoi-afghoniston-gurusnagii-muvojeh-1048494942.html
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини бахши Осиё дар барномаи ҷаҳонии ғизо гуфта аст, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд
2022-05-16T19:30+0500
2022-05-16T19:30+0500
2022-05-16T20:09+0500
афғонистон
ғизо
толибон
фақр
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_38996bf71d50d01242ab158c0a9bc8eb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Антиа Вебб, муовини мудири Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар твитте навишт, ки дар панҷ моҳи ахир ба 17,9 миллион нафар ниёзмандони Афғонистон кумак расонида шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.Ба гуфтаи Антиа Вебб, то моҳи ноябри соли равон дар Афғонистон 18,9 миллион нафар ба гуруснагии шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд.Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи наҷоти кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.Созмони наҷоти кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220516/jaborov-naqsha-sarparaston-jangjuyon-afghoniston-1048491837.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042474562_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6778bea01431bab5bd5fff00041da07f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, нон, миллонҳо, нафар, гуруснагӣ, кабуди ғизо
афғонистон, нон, миллонҳо, нафар, гуруснагӣ, кабуди ғизо
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
19:30 16.05.2022 (Навсозишуда: 20:09 16.05.2022) Муовини бахши Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфтааст, ки 18 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Антиа Вебб, муовини мудири Осиё дар Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар твитте навишт, ки дар панҷ моҳи ахир ба 17,9 миллион нафар ниёзмандони Афғонистон кумак расонида шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
"Вазъи башарӣ ва камбуди ғизо дар Афғонистон хеле нигаронкунанда аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Антиа Вебб, то моҳи ноябри соли равон дар Афғонистон 18,9 миллион нафар ба гуруснагии шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Бо пирӯзии толибон дар Афғонистон созмонҳои кӯмаки башардӯстона ҳушдор додаанд, ки 24 миллион нафар дар Афғонистон зери хатти фақр қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Сандуқи наҷоти кӯдакон гуфта буд, ки бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд.
Ин созмон дар гузориши худ таъкид карда буд, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.
Созмони наҷоти кӯдакон ҳамчунин қайд карда буд, ки ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар афзоиш ёфтааст.