https://sputnik.tj/20220927/intiqoli-tajhizot-maydoni-bagrom-tolibon-1051713909.html
Интиқоли таҷҳизоти майдони ҳавоии Багром ба макони номаълум тавассути толибон
Интиқоли таҷҳизоти майдони ҳавоии Багром ба макони номаълум тавассути толибон
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи толибон беш аз 100 худрав, васоил ва таҷҳизоти маҷуд дар майдони ҳавоии низомии Багромро ба макони номаълум интиқол медиҳанд
2022-09-27T18:30+0500
2022-09-27T18:30+0500
2022-09-27T18:30+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
таҷҳизот
низомӣ
интиқол
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093936_0:22:2592:1480_1920x0_80_0_0_5a97bacaf2e7ebf1439dfeaff884a2a5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Толибони бо даҳҳо мошинҳо борбар таҷҳизоту васоили мавҷӯд дар майдони ҳавои Багромро аз ин пойгоҳи Низомӣ берун кашидаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба нобеъ аз майдони ҳавои Багром ба рӯзнома “Ҳашти субҳ”.Ба иттилои манбаъ, толибон аз субҳ то шом бо мошинҳои боркаш контенарҳо, чапаркатҳои шифохона ва даҳҳо навъи василаро аз ин майдон берун кашидаанд.Манобе меафзоянд, ки ин васоили зери тадобири шадиди амниятӣ ва гаштзанӣ мошинҳои мамлу аз афроди толибон дар маҳал берун кашида шудааст.То кунун равшан нест ки ин васоил ба чӣ мақсад берун кашида ва ба куҷо мунтақил шудааст.Дар ҳамин ҳол, толибон низ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.Гуфтанӣ аст ки майдони ҳавои низомии Багром дар 20 соли гузашта ба унвони бузургтарин пойгоҳи неруҳои байналмилалӣ, мизбони садҳо сарбози НАТО буда аст.Дар ин пойгоҳи низомӣ илова бар бахшҳои вижаи низомии НАТО як шифохонаи муҷаҳҳаз низ рӯзона хадамоти нодири сиҳиро барои мардум ироа мекард.Пас аз тасаллути толибон бар кишвар умдатан толибони ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ дар майдони ҳавои Багром мустақар будаанд.
https://sputnik.tj/20220925/dushanbe-hamla-afghoniston-tojikiston-1051658748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093936_221:0:2525:1728_1920x0_80_0_0_3bd289f2f3e5fac7cc3923fe340c06f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, майдони ҳавоӣ, багром, техника, толибон, интиқол
афғонистон, майдони ҳавоӣ, багром, техника, толибон, интиқол
Интиқоли таҷҳизоти майдони ҳавоии Багром ба макони номаълум тавассути толибон
Гурӯҳи толибон беш аз 100 худрав, васоил ва таҷҳизоти маҷуд дар майдони ҳавоии низомии Багромро ба макони номаълум интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Толибони бо даҳҳо мошинҳо борбар таҷҳизоту васоили мавҷӯд дар майдони ҳавои Багромро аз ин пойгоҳи Низомӣ берун кашидаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба нобеъ аз майдони ҳавои Багром ба рӯзнома “Ҳашти субҳ”.
Ба иттилои манбаъ, толибон аз субҳ то шом бо мошинҳои боркаш контенарҳо, чапаркатҳои шифохона ва даҳҳо навъи василаро аз ин майдон берун кашидаанд.
Манобе меафзоянд, ки ин васоили зери тадобири шадиди амниятӣ ва гаштзанӣ мошинҳои мамлу аз афроди толибон дар маҳал берун кашида шудааст.
То кунун равшан нест ки ин васоил ба чӣ мақсад берун кашида ва ба куҷо мунтақил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, толибон низ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Гуфтанӣ аст ки майдони ҳавои низомии Багром дар 20 соли гузашта ба унвони бузургтарин пойгоҳи неруҳои байналмилалӣ, мизбони садҳо сарбози НАТО буда аст.
Дар ин пойгоҳи низомӣ илова бар бахшҳои вижаи низомии НАТО як шифохонаи муҷаҳҳаз низ рӯзона хадамоти нодири сиҳиро барои мардум ироа мекард.
Пас аз тасаллути толибон бар кишвар умдатан толибони ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ дар майдони ҳавои Багром мустақар будаанд.