https://sputnik.tj/20220924/raisjumhuri-ruminiya-meguyad-nato-namekhohad-bo-rusiya-jang-kunad-1051647624.html
Раисҷумҳури Руминия мегӯяд, НАТО намехоҳад бо Русия ҷанг кунад
Раисҷумҳури Руминия мегӯяд, НАТО намехоҳад бо Русия ҷанг кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Руминия ахиран эълон кардааст, ки бино бар вазъи Украина НАТО намехоҳад бо Русия сарбасар шаваду худро вориди ҷанг кунад
2022-09-24T15:30+0500
2022-09-24T15:30+0500
2023-02-08T19:45+0500
руминия
ҷанг
нато
украина
вазъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d52807b87f5ff9538036fb6cf03d6ce4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. НАТО ба далели ҳаводиси Украина бо Русия ҷанг нахоҳад кард, балки баръакс ба коҳиши шиддат аз ҳарду ҷониб умед дорад, гуфт Клаус Йоханнис, раисиҷумҳури Руминия."Руминия ва НАТО бо Русия вориди ҷанг намешаванд, аммо поин овардани шиддат бояд ҳарду ҷониб бошад. Ин як вазъияти хеле муташанниҷ аст ва мо, дар қиёс ба дигар шарикони НАТО бо Украина сарҳади дарозтарин дорем, ба таври возеҳ дар мавқеи махсус қарор дорем, аммо мо ба ҳама гуна нақшаҳо омодаем", - гуфт Йоханниҳангоми сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳида.Вай қайд кард, ки Руминия ба ҳама гуна сенария омодагӣ дорад, вале ба музокироти сулҳи Русия ва Украина умед дорад.Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220923/pisari-rahbari-qrim-basij-nisbi-artish-davat-1051635583.html
руминия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d089f1bd3f1327706522e5e4c935d45d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
руминия, дар ҷаҳон, нато, русия, ҷанг, раисҷумҳур, вазъ, украина
руминия, дар ҷаҳон, нато, русия, ҷанг, раисҷумҳур, вазъ, украина
Раисҷумҳури Руминия мегӯяд, НАТО намехоҳад бо Русия ҷанг кунад
15:30 24.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Руминия ахиран эълон кардааст, ки бино бар вазъи Украина НАТО намехоҳад бо Русия сарбасар шаваду худро вориди ҷанг кунад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. НАТО ба далели ҳаводиси Украина бо Русия ҷанг нахоҳад кард, балки баръакс ба коҳиши шиддат аз ҳарду ҷониб умед дорад, гуфт Клаус Йоханнис, раисиҷумҳури Руминия.
"Руминия ва НАТО бо Русия вориди ҷанг намешаванд, аммо поин овардани шиддат бояд ҳарду ҷониб бошад. Ин як вазъияти хеле муташанниҷ аст ва мо, дар қиёс ба дигар шарикони НАТО бо Украина сарҳади дарозтарин дорем, ба таври возеҳ дар мавқеи махсус қарор дорем, аммо мо ба ҳама гуна нақшаҳо омодаем", - гуфт Йоханниҳангоми сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳида.
Вай қайд кард, ки Руминия ба ҳама гуна сенария омодагӣ дорад, вале ба музокироти сулҳи Русия ва Украина умед дорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.