https://sputnik.tj/20220923/pisari-rahbari-qrim-basij-nisbi-artish-davat-1051635583.html
Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиш даъват шуд
Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиш даъват шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Қрим хабар дод, ки писараш дар доираи сафарбарсозии нисбӣ ба хидмат даъват шуд ва ӯ аллакай ба маҳалли ҷойгиршавии қисми низомӣ рафтааст
2022-09-23T17:05+0500
2022-09-23T17:05+0500
2022-09-28T17:09+0500
дар русия
амалиёти вижа
украина
артиш
пайвастан
сергей аксенов
қрим
писар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049024497_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_63a96f0d8f1aeedfdab52807c8911024.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия даъват шудааст. Дар ин бора иттилоъ додааст раҳбари Қрим, Сергей Аксенов."Қонун барои ҳама як аст. Имрӯз писари ман ба хидмат даъват шуд ва аллакай ба қисми низомӣ рафтааст", - гуфтааст оқои Аксёнов ба хабаргузории ТАСС.Сергей Аксенов таъкид кард, ки аз писараш ифтихор мекунад, ва бовар дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад аз ҳаводиси имрӯза канор бимонад ва ҳар фард бояд қарзи худро назди Ватан адо намояд.Тибқи маълумоти расмӣ ин мақомдори аршади мақомоти Русия соҳиби ду фарзанд аст – духтараш Кристина 28 сол дорад ва писараш Олег 25-сола аст.Ҳамчунин, мақомоти Қрим барои пуштибонӣ аз онҳое, ки басиҷи нисбӣ даъват шудаанд, як қатор тадбирҳо андешидаанд. 22 сентябр Аксенов эълон кард, ки барои ҳар сафарбаршуда 200 ҳазор рубли русӣ пардохт хоҳанд кард. Маблағ дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба корти шахсии сарбоз пардохт мешавад.Илова бар ин, ҳамчунин қарор аст, барои сафарбаршудагон аз Қрим дар ҳудуди ин минтақа қитъаҳои замин ҷудо карда шавад.
https://sputnik.tj/20220912/jilavgir-terrori-rohbaron-kherson-qrim-1051387249.html
украина
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/08/1049024497_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_7e714db53561e67c8eb5e936077389b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аксёнов, қрим, писар, басиҷ, артиш, пайваст, даъват
тоҷикистон, аксёнов, қрим, писар, басиҷ, артиш, пайваст, даъват
Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиш даъват шуд
17:05 23.09.2022 (Навсозишуда: 17:09 28.09.2022) Раҳбари Қрим хабар дод, ки писараш дар доираи сафарбарсозии нисбӣ ба хидмат даъват шуд ва ӯ аллакай ба маҳалли ҷойгиршавии қисми низомӣ рафтааст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия даъват шудааст. Дар ин бора иттилоъ додааст раҳбари Қрим, Сергей Аксенов.
"Қонун барои ҳама як аст. Имрӯз писари ман ба хидмат даъват шуд ва аллакай ба қисми низомӣ рафтааст", - гуфтааст оқои Аксёнов ба хабаргузории ТАСС.
Сергей Аксенов таъкид кард, ки аз писараш ифтихор мекунад, ва бовар дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад аз ҳаводиси имрӯза канор бимонад ва ҳар фард бояд қарзи худро назди Ватан адо намояд.
Тибқи маълумоти расмӣ ин мақомдори аршади мақомоти Русия соҳиби ду фарзанд аст – духтараш Кристина 28 сол дорад ва писараш Олег 25-сола аст.
Ҳамчунин, мақомоти Қрим барои пуштибонӣ аз онҳое, ки басиҷи нисбӣ даъват шудаанд, як қатор тадбирҳо андешидаанд. 22 сентябр Аксенов эълон кард, ки барои ҳар сафарбаршуда 200 ҳазор рубли русӣ пардохт хоҳанд кард. Маблағ дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба корти шахсии сарбоз пардохт мешавад.
Илова бар ин, ҳамчунин қарор аст, барои сафарбаршудагон аз Қрим дар ҳудуди ин минтақа қитъаҳои замин ҷудо карда шавад.