https://sputnik.tj/20220924/muloqoti-mushtarak-vuzaroi-khorija-tojikistonu-qirghiziston-smm-1051647083.html
Мулоқоти муштараки вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ
Мулоқоти муштараки вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ню-Йорк дар бинои СММ мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини Дабири кулли СММ баргузор шуд
2022-09-24T14:50+0500
2022-09-24T14:50+0500
2022-09-28T16:55+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
вазири хориҷа
машварат
муштарак
сироҷиддин муҳриддин
смм
дабири кулли смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101987/59/1019875997_0:0:3202:1802_1920x0_80_0_0_a28ef172e208b56a1cd118189c3009a9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорти умури хориҷаи Тоҷикистон дар Телеграмм-канали худ.Иттилоъ дода шудааст, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ дар умури масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид.“Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд”,- қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯби Протоколи баимзорасида дар бораи ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр карданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран прокуратураи генералии Точикистон нисбати низомиёни Қирғизистон парванда боз кардааст.Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки низомиёни Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият ва ғасби ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода намудаанд.Тибқи иттилои прокуратураи генералӣ сарбозони қирғиз ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.“Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой кардаанд”, - гуфтааст прокуратура.
https://sputnik.tj/20220924/prokuraturai-generalii-tochikiston-nisbati-nizomiyoni-qirghiziston-parvanda-boz-kardaast-1051645236.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101987/59/1019875997_471:0:3202:2048_1920x0_80_0_0_ffee2ff89f2eb617e03dec8b83344012.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, смм, машварати муштарак, ню-йорк, вазорати хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, қирғизистон, смм, машварати муштарак, ню-йорк, вазорати хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
Мулоқоти муштараки вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ
14:50 24.09.2022 (Навсозишуда: 16:55 28.09.2022) Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини дабири кулли СММ низои марзӣ ва ҳалли мусолиматомези онро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорти умури хориҷаи Тоҷикистон дар Телеграмм-канали худ.
Иттилоъ дода шудааст, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ дар умури масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид.
“Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд”,- қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯби Протоколи баимзорасида дар бораи ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр карданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран прокуратураи генералии Точикистон нисбати низомиёни Қирғизистон парванда боз кардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки низомиёни Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият ва ғасби ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода намудаанд.
Тибқи иттилои прокуратураи генералӣ сарбозони қирғиз ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.
“Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой кардаанд”, - гуфтааст прокуратура.