Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати низомиёни Қирғизистон парванда боз кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2022
Обуна шудан
Прокуратураи генералии кишвар мегӯяд, тафтишоти муайян кард, ки Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷангро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки низомиёни Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият ва ғасби ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода намудаанд.
Тибқи иттилои прокуратураи генералӣ сарбозони қирғиз ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.
“Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой кардаанд”, - гуфтааст прокуратура.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонида, якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кудакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
ВУХ: Қирғизистон тасмим гирифтааст донишҷӯёни тоҷикро ихроҷ намояд
Гуфта шудааст, ки дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва соконони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд.
“Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст”,- қайд кардааст додситонии кулли Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гурӯҳи сарбозон ва шаҳрвандони Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 парванда боз кардааст.
Инчунин прокуратура нисбати низомиёни қирғиз бо қисми 2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Прокуратура қайд кардааст, ки айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.
Лентаи хабарҳо
0