Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷилавгирӣ аз террори роҳбарони Херсону Қрим: Бозии "ФСБ" омилонро ошкор кард

© ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание преступников сотрудниками ФСБ
Задержание преступников сотрудниками ФСБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Дар ҷараёни як бозии оперативӣ ҳамоҳангсозон, иҷрокунандаҳо ва шеваи иртиботу маблағгузориии дастандаркорони нақшаи террори маъмурин мушаххас шудаст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Хадамоти федеролии амнияти Русия - "ФСБ" дар вилояти Херсон ва Қрим аз як силсила ҳамлаҳои террористӣ пешгирӣ кард, хабар медиҳад Маркази равобит бо ҷомеаи ин ниҳод.
"Дар ҷараёни бозии оперативӣ кӯшиши Хадамоти амнияти Украина барои анҷом додани як силсила амалҳои диверсионӣ - террористӣ алайҳи мансабдорони маъмурияти низомию шаҳрвандии вилояти Херсони Украина ва аъзои ҳукумати ҷумҳурии Қрим ҷилавгирӣ шуд", - омадааст дар хабар.
Масъулини мубориза бо истихбороти хориҷӣ ҳамчунин як корманди Хадамоти амнияти Украинаро муайян карданд, ки масъули идораю ҳамоҳангии фаъолоияти афроди ҷалбшуда будаст.
Хадамоти федералии амният иҷрокунандаҳо ва шарикони амалиёти хадамоти иктишофии хориҷиро муайян карда, далелҳоро мусодира намуд. Ҳамчунин шабакаҳои иртиботот ва усулҳои маблағгузории онҳо мушаххас шудааст.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия талафоти Украина тайи рӯзҳои охирро эълон кард
Бозии оперативӣ, ин маҷмӯи чораҳои зидди истихоборотӣ мебошад, ки дар он амалиёти душман таҳти назорат қарор дорад.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0