Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Равонасозии нерӯи иловагӣ ба барқарорсозии хонаҳои харобгашта аз зарбаи Қирғизистон

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдОғози бозсозии хонаҳои осебдида дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози бозсозии хонаҳои осебдида дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Барқарорсозии хонаҳои харобгашта дар марз бар асари зарбаҳои нерӯҳои низомии Қирғизистон таҳти назорати раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҷамоатҳои наздимарзии Чоркуҳ ва Сурхи шаҳри Исфара боздид кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҳадафи боздид шиносоӣ бо раванди барқарорсозии манзилҳои истиқоматии сокинон буд, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан кард.
"Ӯ барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини мақомоти вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар иттилоия.
Дом учителя математики Ходжа Аъло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Барои наҷоти толибилмон рафт, аммо худаш кушта шуд
Ба гуфтаи раиси Суғд, барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хосаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зикр шудаст, ки аз пойтахт барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин Аҳмадзода барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи муноқишаи ахири марзӣ даҳҳо хонаю иншооти мулкии Тоҷикистон хароб гардида, даҳҳо нафар куштаю маҷруҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0